Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ховалинг

1143

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ховалингро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Бинои нав аз 12 утоқи корӣ, синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст, ошхона барои кормандон ва хобгоҳ иборат мебошад.

Барои фаъолияти мунтазам ва фаврии кормандон Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Ховалинг се адад воситаи нақлиёти муосир ва махсусгардонидашуда, ки ҳар яки он имкони ғунҷоиши то 6 тонна обро доранд, дастрас карда шудааст.

100 бех ниҳоли сояафкан ва 4000 гулҳои рангоранг ҳудуди иншоотро зиннат мебахшад.

Дар доираи созандагиҳо ҳамчунин атрофи бино сафолакпӯш карда шудааст.

1144

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии ниҳоди мазкурро барои истифодаи пурсамар аз шароити фароҳамгардида ҷиҳати хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити кору фаъолият дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҳамин ҷо аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, овезаҳо, нақшу нигор, зарфҳои аз чӯбу кулол, мису оҳан ва аз дигар металҳо сохташуда ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.

Тавре мушоҳида гардид, занону бонувони дар ин сохтори Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияткунанда низ ба рушди ҳунарҳои миллӣ ва дар самти эҳёи он таваҷҷуҳи хоса доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо иштирокчиёни намоиши ҳунарҳои мардумӣ сокинонро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди анъанаҳои миллӣ ҳидоят карданд.

1145




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика