Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кишти зироатҳо дар заминҳои муассисаи «Хоҷагии ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилӣ»

448

Имрӯз (06.08.с.2020), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз рафти кишти зироатҳо дар заминҳои муассисаи «Хоҷагии ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилӣ» боздид намуд.

Замини муассисаи хоҷагии мазкур аз 55 га иборат буда, дар он маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба монанди лаблабуи сурх, карам, ҷуворимакка, пиёз, лубиё, мош, сабзӣ, турб, шалғам ва дигар сабзавот парвариш меёбанд. Ҳамчунин аз ин маҳсулот 10 ҳазор зарф (банка) омода гардида, барои беҳтар гардидани вазъи таъминоти қисмҳову воҳидҳои Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ истифода бурда мешаванд.

449

452453455456457450451Мавриди қайд аст, ки ин иқдом барои амалӣ намудани супориши роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мустаҳкам намудани амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд.

Гул Маҳбуба

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика