Имрӯз (19.07.с.2020), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварда, аз ҷараёни кишту кор дар хоҷагии ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳия боздид намуд.
Мавриди қайд аст, ки дар хоҷагии ёрирасони мазкур дар масоҳати 1,5 гектар пиёз кишт карда шуда, айни замон коркарди байни қаторҳо идома дорад.
Вазири корҳои дохилӣ ба масъулини соҳа ҷиҳати хуб нигоҳубин намудани маҳсулоти кишоварзӣ як қатор дастуру супоришҳо дод.
Айни замон сафари Вазири корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинг идома дошта, аз ҷараёни он иловатан маълумот хоҳем дод.
Гул Маҳбуба
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>