Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

904

10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди таъмиру навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии он беш аз 2 гектарро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки бино вайрону валангор ва солҳои зиёд бекорхобида буд. Ҳамакнун мутобиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ гардида, дар он барои кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мукаммали корӣ фароҳам оварда шуд.

906905907

Бинои 8-ошёна дорои 43 утоқи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар ошёнаи якум қисми навбатдорӣ ва анборхона ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи сеюм баробари утоқҳои ҳайати роҳбарикунандаи Хадамот, ҳамчунин ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон ва китобхона ҷойгир мебошад.

Дар китобхона беш аз 1500 нусха китоби гуногун, аз ҷумла китобҳои бадеӣ, таърихӣ ва илмию соҳавӣ мавҷуд аст. Мутобиқ ба талаботи замони муосир дар китобхона 5 адад компютер гузошта шудааст, ки фарогири 10 ҳазор нусха китоби электронӣ мебошад.

Долони ошёнаи сеюм ба 900 метри мураббаъ баробар аст. Дар ин долон қаҳвахонаи тобистона ташкил гардида, шароити хуби хизматрасонӣ барои ҳайати шахсӣ ва дигар кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза” фароҳам оварда шудааст.

Ба ғайр аз қаҳвахона, дар ошёнаи чоруми бино боз ошхона фаъолият мекунад, ки он дорои 70 ҷойи нишаст мебошад.

Утоқҳои ошёнаи 5-ум ва 6-ум барои кормандони Хадамот, аз ҷумла афсарони шуъбаҳои назорати ташкилӣ, банақшагирии иқтисодӣ, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои ташкили воҳидӣ, хизмат, роҳбаладӣ, шуъбаи воситаҳои техникӣ ва муҳандисӣ пешбинӣ гардидаанд.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити иншоот маълум гардид, ки утоқҳои корию ёрирасон ва долону дигар иншооти мавҷудаи биноро мутобиқ ба талаботи замон ва бо назардошти муҳайё будани шароити хуб барои хизматчиёни ҳарбӣ таъмир намуда, бо навтарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз намудаанд.

Нуқтаи мутамаркази мушоҳидавӣ, ки кормандони он 1500 иншоотро назорат карда, тартиботи ҷамъиятиро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоянд, дорои 4 компютер ва дигар таҷҳизоти муосири мушоҳидавӣ мебошад. Маҷлисгоҳи Хадамот 150 ҷойи нишаст дорад ва дар он ҳама гуна воситаҳои техникӣ, аз қабили монитор, дастгоҳҳои тақвияти овоз, таҷҳизот барои гузаронидани видеоконфронсҳо ва ғайра таъмин аст. Дар ҳар як ошёна утоқҳои ёрирасон, аз ҷумла нуқтаҳои шӯстушӯӣ мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи 8-уми бино меҳмонхона ташкил гардида, дар он шароити хуби истиқомат вуҷуд дорад. Меҳмонхона аз 4 ҳуҷра иборат буда, имкон аст дар як вақт то 10 нафар меҳмонро қабул намоянд.

Атрофи иншоот дар масоҳати 250 метри мураббаъ сафолакпӯш шудааст ва дар ҳавлии бино таваққуфгоҳ барои ҷойгир намудани 20 нақлиёт мавҷуд аст.

Дохил ва атрофи иншоот тавассути 38 камераи мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.

908909

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба рангу бор ва ороиши иншооти мавҷуда намои берунаи бино оро ёфтааст ва равшании онро дар шаб чароғакҳои ҳархелаи ҷилодиҳанда таъмин менамоянд.

Корҳои сохтмонӣ аз тарафи сохтмончиёни Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳашари дастаҷамъонаи кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза” иҷро гардидаанд. Дар рафти сохтмон ба сифати масолеҳи сохтмонӣ ва иҷрои корҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намудаанд ва солҳои зиёд хизмат намудани иншоот ба кормандони соҳа кафолат дода мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити мавҷудаи иншоот баҳои баланд дода, кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилиро ба истифодаи самараноки имконият ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика