Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёди ту дар қалбҳо боқист!

865

- Дар таърих нафароне ҳастанд, ки бо кору фаъолияти назарраси хеш миёни ҳамкасбону рафиқон соҳиби обрӯ ва манзалати волои инсонӣ гардидаанд, ки пас аз гузаштанашон номашон дар ёдҳо боқӣ мондааст. Бо он ҳама бузургӣ ва рафторҳои намунааш Ҳомиддин Шарифов марди накӯному фурӯтан ва дорои хислатҳои поки инсонӣ буд. Ҳар нафаре ки бо ӯ кор намудааст, то ҳол марҳумро ба некӣ ёд мекунад. Пайваста баҳри адолату ҳақиқату хайрхоҳӣ ба ҳама намунаи ибрат буд. Ҳаёт ва фаъолияти ин марди шариф барои кормандони ҷавони милитсия мактаби шуҷоату мардонагӣ ва дастуру раҳнамо мебошад, - зикр гардид дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ёдбуди собиқ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Ҳомиддин Шарифов, ки дар маҷлисгоҳи ВКД бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва собиқадорони ин ниҳод доир шуд.

866

Дар оғоз Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба нақши назарраси номбурда, изҳори андеша намуда, афзуд, ки номбурда дар он лаҳзаҳои пурҳассос баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳми назарраси худро гузоштааст.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи Маркази матбуоти ВКД филми кӯтоҳ дар бораи кору пайкори ин абармард ба манзури тамошобинон гардонида шуд.
Ҳамзамон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯзгори Ҳомиддин Шарифов дар замони фаъолияташ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки саҳми марҳум дар пешбурди фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, хусусан мақомоти корҳои дохилӣ назаррас мебошад. Аз ҷумла, собиқ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори мустаъфии милитсия Давлатназар Булбулшоев иброз намуд, ки Ҳомиддин Шарифов аз ҷумлаи он нафароне мебошад, ки дар замони фаъолияташ бо хислатҳои неки худ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ намунаи ибрат буд. Замони роҳбариаш нисбати кормандон ғамхору меҳрубон ва дастгир буд. Дар он лаҳзаҳои мудҳише, ки кормандони милитсия алайҳи душман мубориза мебурданд, агар дар ин набард ярадор мешуд, ба мансаби худ нигоҳ накарда барои аёдати онҳо мерафт. Дар муносибат бо кормандон ҳалиму меҳрубон буд, ӯ нафарони коргарро дӯст медошт ва эҳтиром мекард.
Раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷӯрахонзода Саид Қаюм арзи сипоси худро барои баргузор намудани чунин як чорабинии хотирмон ба хотири гиромидошти 73-юмин солгарди фарзанди баору номуси миллати тоҷик, корманди шоистаи ВКД баён намуд.
Ҳомиддин Шарифов бо хизматҳои софдилона ва содиқонааш аз ҷумлаи шахсиятҳое мебошад, ки солиёни зиёд роҳбарии ВКД ба уҳда дошт. Ин марди некном дар байни мо нест, аммо хотираи нек фаъолияти меҳнатӣ, одамгарии ӯ ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Ёди он дар дилу дидаҳои шогирдонашон ҳамеша зиндаю ҷовидон боқӣ мемонад.

871867868869870

Собиқадори мақомоти корҳои генерал-майори мустаъфии милитсия Ҳабибулло Маҷидов низ андешаҳояшро нисбати ин марди наҷиб иброз намуда, қайд кард, ки боиси ифтихор ва хушнудист, ки ҳамкасбон ва кормандоне, ки ҳамроҳи ин шахсият кор кардаанд, ҷамъ омада, нисбаташ суханони самимӣ мегӯянд. Дар ҷамъият ҳар кас шахсият шуда наметавонад, аммо Ҳомиддин Шарифов шахсият буд ва дар сулҳу салоҳи Тоҷикистон ҳиссаи калон дорад. Аз рӯзе ки ба ин вазифа таъин шуданаш ӯ барои пеш рафтани фаъолияти рӯзмарраи мақомоти корҳои дохилӣ кадрҳои бисёр болаёқатро ҷамъ меовард. Натиҷаи фаъолияти якҷоя бо кадрҳои лаёқатманду босавод буд, ки дар як мудати кӯтоҳ дар ҷумҳурӣ тинҷию оромӣ ҳукмфармо гардид.
- Давоми 10 соле, ки бо ӯ кор кардам, як мактаби бузургро гузаштам. Мактаби ҷавонмардӣ ва тамоми ҷиҳатҳои одамгариро омӯхтам. Дар давраи фаъолияташ ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилиро аз ҳайати қаторӣ сар карда то роҳбарикунанда як медонист. Дар муносибат бо онҳо ҳамеша хоксорона ва инсонгарона муомила мекард.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳомиддин Шарифов дар давраи мушкил ва ҳассоси кишвар - солҳои 1996-2006 Вазирии корҳои дохилиро ба уҳда дошт.
Дар охири маҳфили ёдбуд, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ «Стипендияи Ҳомиддин Шарифов» дар ҳаҷми 500 сомонӣ таъсис дода шуд, ки он барои хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ ба курсантони фаъоли Академияи ВКД дода мешавад.

Абдулмуъмини ЗАЙНИДДИН,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика