Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Модар сарчашмаи зиндагист!

412

Дирӯз, дар толори Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Модар» бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Дар чорабинии идона роҳбарияти ВКД, кормандзанони милитсия, бонувони собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавондухтарони фаъоли гурӯҳи “Авангард” иштирок намуданд.
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамаи кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмононро бо ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуда, ба онҳо бахту саодат, сиҳатмандӣ, барору комёбиҳо ва рӯзгори ободу осуда таманно кард.

413414415416417418

Зикр гардид, ки бузургии зан – модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум меёбад, зеро дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ, раҳму шафқат, меҳрубонӣ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дӯст доштани Ватан ва ба кору амалҳои неку созанда даъват мекарданд ва имрӯз низ ин рисолатро онҳо ба зимма доранд.
Дар ҷараёни чорабинии идона бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандзанони милитсия барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва бахшида ба «Рӯзи Модар» бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо қадрдонӣ гардида, ҳамзамон ҷавондухтарони гурӯҳи “Авангард”, ки дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятї саҳми назаррас гузоштаанд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

420421422

Дар хотима, ҳунармандон ва ситораҳои шинохтаи санъати волои тоҷик, ба чорабинии идона бо тараннуми суруду таронаҳои пурмазмун ва ҷаззоб дар васфи зан-модар, Ватан, ишқу муҳаббат, ҳусни дигаре зам намуданд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродали Саидзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика