Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмарка бахшида ба “Рӯзи Модарон”

 

477

Бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи фарорасии ҳама гуна иду ҷашнҳо ярмаркаи молу маҳсулоти хӯрокворӣ баргузор мегардад.
Имрӯз, (06.03.2020) бахшида ба “Рӯзи Модарон” дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ, барои ғанӣ гардонидани дастархони кормандон ва таъмин намудан бо маҳсулоти хушсифат бо иштироки хоҷагиҳои ёрирасон ярмаркаи фурӯши хоҷаги қишлоқ доир карда шуд. Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас наздик аз 30 то 40 фоиз, нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузоштанд.
Дар ин чорабинӣ хоҷагиҳои ёрирасон ба харидорон гӯшт, пиёз, тухм, картошка, нахуд, сабзӣ, карам ва дигар сабзавотҳо ва мевагиҳоро пешкаши харидорон намуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби хоҷагиҳои ёрирасон каду, карам, тухм ва як қатор маҳсулотҳо ройгон ба мизоҷон дода шуд.

478479480

Аз ин иқдоми наҷиби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ кормандзанони милитсия рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои таваҷҷӯҳу ғамхорӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика