Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории Мушовараи ВКД оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ

169

Имрӯз (11.01.с.2020), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД оид натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 таҳти раёсати Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид. 

170

Дар ҷаласаи Мушовараи ВКД муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор, сардорон ва муовинони Академия, Сарраёсат, Сармарказ, раёсатҳо, хадамотҳо, шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои вазорат дар вилоятҳо, минтақа ва ноҳияи Рашт, шаҳри Душанбе, шуъбаҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилиро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, нахуст дастуру ҳидоятҳо ва нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод. Аз ҷумла, дар самтҳои такмил ва коркарди як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», кодексҳои ҷиноятӣ ва андоз); “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040; баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ташаббуси 4-уми глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 ва дигар масоили мубрам ибрози андеша намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2019 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, дар назди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои соли 2020 як қатор уҳдадориҳо ва вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дода шуданд.

171172

Дар хотимаи ҷаласаи Мушовара фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ гардида, «Нақшаи чорабиниҳои асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз ҷониби ҳайати Мушовара тасдиқ карда шуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика