Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои самти варзиши ВКД-2019

324

Имрӯз (30.12.с.2019), дар толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ маросими ботантанаи ҷоизасупории беҳтаринҳои самти варзиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 доир гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ, варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ва меҳмонони расмии даъватшуда иштирок доштанд.
Нахуст, Суруди давлатии Тоҷикистон садо дода, сипас тавассути оинаи нилгун дар шакли мухтасар, дастоварду натиҷаҳои назарраси кормандону варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» дар соли 2019 намоиш дода шуд.
Сипас, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ҷаласаи тантанавиро оғоз бахшида,
сараввал ҳамагонро аз номи худ ва аз номи роҳбарияти Вазорат бо фарорасии Соли нави мелодии 2020 табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадом ба ин муносибат бурдборию муваффақиятҳои беназир, саломатӣ ва осмони софу беғубор дар кишвари азизамон таманно намуд.
Мавсуф зимни баромадаш аз ҷумла қайд намуд, ки маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои самти варзиши Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ соли сеюм аст, ки дар асоси «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» дар мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад.
Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ-варзишӣ бешак ба ҳавасмандгардонии варзишгарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ҳисоб меёбанд, равона карда шуда, боварӣ дорем, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, тарғиби варзишу интихоби тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад намуд.
Аз ҷониби Ҳукумати кишвар таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақтҳои охир ба рушди варзиш дар кишвар ва тарғиби ҳаёти солим диққати махсус зоҳир карда мешавад. Дар Паёми навбатиашон Президенти кишвар варзиш ва тарзи ҳаёти солимро аз самтҳои афзалияноки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар қайд намуда, таваҷҷӯҳи ҳамагонро бори дигар ба дастгирӣ, тавсеа ва беҳбудсозии шароитҳои соҳа ҷалб намуданд.

325326327328

Варзиш дар ҷомеа баҳри такмилу обутоби пайвастаи ҷисмонӣ ва солимии инсон мусоидат намуда, бо оммавӣ гардонидани варзиш ҳамзамон ба пешгирии ҷинояткорию беҳудагардӣ ва тарғиби дӯстию бародарӣ ва аз ҳама асосӣ сулҳу субот саҳми беандоза дорад.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ, баҳри машғул гаштани ҳайати шахсӣ ба варзиш шароитҳои мусоиди варзишӣ муҳайё карда шуда, минбаъд низ барои ҳамқадами замон будан, ноил гардидан ба дастовардҳои варзишӣ ва солимии ҷомеа тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Аз ҷониби Шӯрои ҷумуриявии «Динамо» дар мувофиқа ва бо дастгирии роҳбарияти Вазорат дар давоми соли 2019 4-мусобиқаи кушод, яъне спартакиада, иборат аз 12 намуди варзиш байни кӯдакону наврасон, бонувон, ҷавонон, собиқадарон, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ, 2-мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ аз намудҳои шиноварӣ дар вилояти Суғд ва гӯштини юнону-румӣ миёни наврасон, 13 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ, 23 мусобиқаи идоравию сатҳи вилоятӣ, 8 мусобиқаи оммавӣ-варзишии сатҳи шаҳрӣ, 2 семинар-машварат ва 128 бозиҳои рафиқона аз намуди футбол дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар соли 2019 дастпарварон ва аъзоёни дастаи «Динамо» дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, аз ҷумла дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ соҳиби 19 медали тилло, 16 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ гардида, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ бошад, 182 медали тилло, 128 медали нуқра ва 146 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» барои омода намудани варзишгарон, алалхусус варзишгарони касбӣ аз тамоми имконияту шароитҳои мусоид истифода бурда, боварӣ аст, дар оянда низ сафи варзишгарони қобилиятнок ва риштаҳои нави варзиш бештар мешаванд.
Кори масъулиятнок ва пурхатар аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тақозо менамояд, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти шаҳрвандон, ҳимояи моликияти хусусию давлатӣ дар ҳама ҳолат бояд доим ҷисман ва рӯҳан омода бошанд. Аз ин рӯ, аҳамияти варзиш ва омодагии ҷисмонии ҳайати шахсӣ бе баҳс муҳим буда, дар ин ҷода ба ҳамагон кӯшишу ҳаракат, саломатии бардавому чусту чолок будан хоҳонам!
Ба муносибати чорабинии имрӯза ҳамаи варзишгарону мураббиён, доварони беҳтарин ва дигар нафароне, ки дар соли ҷорӣ дар пешрафти соҳаи варзиши мақомоти корҳои дохилӣ саҳми назаррас доштанд, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, бевосита Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик гуфта, изҳори миннатдорӣ менамоям.

329688330331689

Қабл аз эълони ҷоизадорони асосии самти варзиш, ба 15 нафар варзишгароне, ки дар соли ҷорӣ ҳамчунин бо пешравию саъю кӯшишашон дар риштаҳои гуногуни варзиш нисбатан фаъол буданд, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Инҳо, аз намуди шоҳмот миёни бонувон Адолат Бухоризода корманди Сармаркази иттилотӣ-таҳлилии ВКД, аз намуди бандкашӣ Абдумуталиб Ҳамдамзода корманди воҳиди махсуси ВКД, аз намуди сангбардорӣ Солеҳ Давлатзода корманди Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, тенниси рӯи миз Зебониссо Исматшозода аз Раёсати таҳқиқ, волейбол Мунира Ёдгоршозода корманди Котиботи ВКД, дар намуди бадминтон Наталья Манская корманди шуъбаи Вазорат, гӯштини Самбо Саидҷон Турмонов, гӯштини юнону румӣ Фирдавс Шермаҳмадов, гӯштини Дзю-до Муҳаммадҷон Абдуҷамилзода, кикбоксинг Абдуносир Муҳаммадиев, таэквондо Судоба Улуғбекова – варзишгарони аъзои ШҶ «Динамо», варзиши сабук Зулҳиҷҷаи Ҷӯрабек аз Раёсати воҳидҳои таъиноти махсус, дар намуди варзиши касбӣ-оташнишонӣ Нурбек Хидиров, дави пойга (кросс) Шаҳриёр Мирмадов ҳар ду кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташинишонӣ буданд. Сипосномаҳоро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов тақдим намуд.
Дар идомаи чорабинии идона, ҷоизадорони асосӣ-беҳтаринҳои самти варзиши Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2019 эълон карда шуданд.
Ҳамин тариқ, беҳтарин варзишгарбонуи ғайрикасбӣ дар риштаи бадминтон Ҳангомаи Абдуғаффор интихоб гардид. Номбурда, дар якҷоягӣ бо дигар варзишгарони мақомот тавонистанд, дастаи бадминтонбозони Вазорати корҳои дохилиро дар соли ҷорӣ дар мусобиқаи байни вазорату идораҳои кишвар ғолиб созанд.
Беҳтарин шоҳмотбоз миёни наврасдухтарон Сабрина Абророва дониста шуд. Сабрина соли ҷорӣ дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ бомуваффақ баромад намуда, аз ҷумла дар кишвари Ҳиндустон миёни ҳамсолони худ соҳиби ду медали нуқра гардид. Ҳамчунин, барандаи Ҷоми Пешвои миллат миёни наврасдухтарон дар ин намуди варзиш гардидааст.
Аз рӯи баҳодиҳии иншоотҳои варзишӣ аъзоёни ҳакамон толори варзишии Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазоратро беҳтарин донистаанд. Ин толори варзишӣ бо тамоми щароитҳои замонавии варзишӣ таъмин мебошад.
Беҳтарин бонуварзишгари касбӣ Миҷгона Самадова дар намуди варзиши бокс интихоб шуд. Номбурда, соли ҷорӣ дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Федератсияи Россия баргузор гашт, мақоми дуюмро соҳиб гардида, инчунин ғолиби чемпионати ҷумҳуриявӣ шудааст.
Мураббии беҳтарин Субҳониддин Абдукаримов дониста шуд, ки таҳти дастпарварии ӯ даҳҳо варзишгарони касбӣ дар намуди гӯштини юнону румӣ ба майдони варзишӣ баромада, шогирдони зиёдеро таълиму тарбия медиҳад.
Футболбози беҳтарини сол Шуҷоат Неъматов эълон гашт, ки ӯ бо иштироки фаъолонаи худ дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар гирифтани ҷойҳои ифтихории дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ саҳми босазо дорад.
Беҳтарин дастаи варзишӣ – дастаи бонувони Вазорати корҳои дохилӣ аз намуди волейбол эълон гардид. Дастаи бонувони Вазорат дар соли 2019 барандаи мусобиқаи волейбол байни вазорату идораҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе гардидааст.
Ҳамчунин, беҳтарин варзишгари наврас Фирӯз Мирзораҷабов дар риштаи гӯштини юнону румӣ эълон шуд, ки мавсуф соли ҷорӣ барандаи медали тиллои Ҷоми Осиё дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғоритсон дар ин намуди варзиш мебошад.

333332334

Беҳтарин варзишгари сол дар Вазорати корҳои дохилӣ Сомон Маҳмадбеков дониста шуд, ки номбурда соли ҷорӣ чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни варзишгарони ҷавон дар кишвари Марокко гардида, ҷоизадори чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Мукофотҳоро роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Вазорат супориданд.
Дар доираи вақти байни ҷоизасупориҳо барои болидарӯҳии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби овозхонони ансамбли созӣ-овозии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзӯҳои «Милитсия – ҳомии ҷомеа», «Пешвои миллат», «Варзиш» ва ғайра сурудҳои дилнишин сароида шуданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика