Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД

350

Имрӯз (05.12.с.2019), бахшида ба муносибати рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарияти Вазорат, масъулини ҷузъу томҳои мақомот ва ҳайати шахсии Раёсати Воҳидҳои таъиноти махсус ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, сухан аз далерию ҷоннисории хизматчиёни воҳидҳои мазкур дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар рафт.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кулли афсарон ва хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилиро табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки кормандони ин ниҳод аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз ба савганди худ содиқ буда, дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои ҷиноятпеша пешсаф мебошанд.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Воҳидҳои таъиноти махсус ёдовар шуда, зикр карда шуд, ки бо тақозои замон дар зарфи беш аз 28 соли соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ҷузъу томҳои гуногун таъсис ёфтаанд. Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД низ аз зумраи ҳамин гуна ҷузъҳои мақомоти корҳои дохилианд, ки зодаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошанд.

351352353357

Имрӯз ба ҷуз аз пойтахт, ҳамчунин ҷузъҳои Воҳидҳои таъиноти махсус дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт самаранок фаъолият мебаранд, ки ҳамаи онҳо бо тамоми шароити мусоиди хизмат ва техникаву лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд. Барои машқгузаронӣ ва такмили ихтисосу маҳорати ҳайати шахсии ин ҷузъи муҳими мақомоти корҳои дохилӣ бошад, дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва минтақаи Рашт машқгоҳу марказҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, ки бо тамоми шароити лозимӣ муҳайё мебошанд.
Воҳидҳои таъиноти махсус яке аз ҷузъҳои муҳими Вазорати корҳои дохилӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти он дар асоси Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи кишвар ва амру фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳ монда шудааст. Ба зиммаи воҳидҳои мазкур дар шароити душвори замони муосир вазифаҳои басо вазнину сангин ва дар баробари ин, хеле масъулиятнок, аз қабили мубориза бо тамоми зуҳуроти терроризму экстремизм, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноятӣ ва доир намудани амалиётҳои махсус меистанд.
Тавре қайд гардид, Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД вобаста ба тақозои замон, тадриҷан бо шароитҳои мусоиди хизмат, биноҳои маъмурӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, сарулибос, таҷҳизоту техникаи автомобилӣ ва зиреҳпӯш, силоҳу лавозимоти ҳозиразамони ҷангӣ, толорҳои варзишӣ, машқгоҳҳои махсуси муҷаҳҳаз бо тамоми ҷиҳози лозимӣ дар ҳудуди шаҳр ва машқгоҳҳои саҳроии кӯҳӣ пурра таъмин мебошанд.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсус бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.

354355356

Дар хотимаи ҷамъомади тантанавӣ баҳри болидахотирии хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД барномаи консертӣ бо иштироки ансамбли созӣ-овозии «Сипар» доир гардид, ки бо сурудҳои ватандӯстона ба ҳозирин ғизои маънавӣ бахшиданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика