Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот

575Табрикоти

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия

Муҳтарам афсарону сарбозон
ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ!

Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти дохилии кишвар ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гардид.
Ҳар сол дар ин рӯз мо аз таърихи милитсияи Тоҷикистон ёдовар гардида, ранҷу заҳмат ва талошу кӯшишҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ пеши назар меорем.
Диловарию садоқати кормандони милитсия буд, ки ин ниҳод аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, масъулияти ба уҳдадошта, яъне барқарории сулҳу субот, осоиштагӣ ва шароиту муҳити орому осударо барои кору зиндагӣ ва корҳои ободонию созандагӣ фароҳам овард.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такомули робитаҳои байналмилалӣ соҳаҳои нави ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо давлатҳои хориҷаи дуру наздик инкишоф ёфтанд.
Танҳо бо дарки баланди масъулият, эҳсоси садоқат ба Ватану миллат ва эҳтиром ба Сарвари давлат мо метавонем сулҳу субот ва амнияту осоиштагиро, ки асоси зиндагии арзандаю шоиста ва рӯзгори пурсаодати сокинони кишвар ба ҳисоб мераванд, таъмин намоем.
Бо арзи сипос ва эҳтиром Иди касбии кормандони милитсияро ба ҳамаи шумо самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саодатмандии комил, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ таманно намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳои нав ба нав орзумандам.

Ид муборак ҳамкасбони азиз!




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика