Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВКД

545

Имрӯз (05.11.с.2019), дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ сардори Маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ қайд кард, ки ҳамасола халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашни фархунда қабул гардидани қонуни асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунанд.
Қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ гардида, он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мебошад.
Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.

546547

Ҳамчунин устоди Академияи ВКД Амришоҳ Мансурзода қайд кард, ки Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад ва поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст.
Дар охири чорабинӣ наврасон бо қироати шеъру сурудҳои ватандӯстона ба чорабинии идона ҳусни дигар зам намуданд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Ҳакиҷон Назарзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика