Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳ - ифтихори миллат

Имрӯз (23.02.с.2017), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии ҷашнӣ муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Дастгоҳи марказии Вазорат иштирок намуданд.
Сараввал, муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон Аламшо баромад намуда, тамоми ҳайати шахсӣ, собиқадорон ва хизматчиёни ҳарбиро бахшида ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон 24-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд.
Тӯли 24 сол афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд.


Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.
Дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда ҳамаи Шуморо бо ин ҷашни таърихӣ, таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба шумо саломатӣ, осоиши рӯзгор, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу менамоям, - афзуд муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ.


Дар интиҳои чорабинӣ барои истироҳату фароғати ҳайати шахсӣ консерти идона бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Сипар» ва ситораҳои шинохтаи ҷумҳурӣ Нигина Амонқулова, Абдулхайри Мумин, Фахриддини Малик, Амрохон Раҳимов, Ҷамшед Низомов, Хуҷастаи Мирзо, Дубайи Умар ва дигарон пешкаши меҳмонон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ гардонида шуд.


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика