Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷоннок намудани корҳои поксозӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок

Бо иқдоми бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳбарияти заводи муштараки «Анзоб» барои тоза намудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок, минтақаи «Нақби Истиқлол» ёрии моддӣ ва техникӣ расониданд.

Чунончи, барои тоза кардани қисми мошингарди роҳ аз тарма ду адад техникаи роҳдорӣ ҷудо карда шуд.
Санаи 21-ум ва 23-юми феврали соли 2017 ба зиёда аз 200 нафар ронандагоне, ки дар километри 100-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бинобар маҳкам будани роҳ истодаанд, хӯроки нисфирӯзӣ ба муносибати «Рӯзи Артиши миллӣ» ташкил карда шуд.
Инчунин ба кормандони Ситоди доимоамалкуданда, ки дар километри 72-юм ташкил карда шудааст, бо маводи озуқаворӣ таъмин карда шуданд.
Дар ин раванд кормандони милитсия дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, барои бартараф намудани офатҳои табиӣ чораҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ менамоянд.


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика