Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Артиши миллӣ – мактаби шуҷоату мардонагӣ

Ба муносибати 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар РВКД дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайати шахсии милитсияи минтақа иштирок намуданд.

Чорабинии тантанавӣ бо даровардани Парчамӣ миллӣ ва танинандоз гардидани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Сипас сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани соҳибистиқлоламон ҷашн мегиранд.
Воқеан ҳам Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлат ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон ба шумор рафта, такягоҳу муҳофиз ва ҳамқадаму ҳамсоли Истиқлолияти кишвари азизамон маҳсуб меёбад.
Дар чорабинии тантанавӣ таъкид гардид, ки дар тӯли 24 соли фаъолияти Артиши миллӣ афсарону сарбозони он тавонистанд вазифаи муқаддаси худро содиқона ва сарбаландона иҷро намуда, бо ҷасорату мардонагӣ, фидокориву хизматҳои шабонарӯзӣ ва маҳорати баланди касбии хеш амнияти давлату миллат, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият ва дахлнопазирии марзу буми кишварро сарбаландона таъмин намоянд.
Шариф Назарзода зимни суханронаш зикр намуд, дар солҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, навобаста аз он, ки дар кишвар вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳукмфармо буд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомӣ ва пуштибони Артиши миллӣ ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд. Дар ин замина ба сохтори ташкиливу воҳидӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи Артиш бо мутахассисони варзида, дорои маҳорат ва малакаи баланди касбӣ иқдом карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қисмҳои ҳарбиву низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои техникаву лавозимотҳои муосири ҳарбӣ, синфхонаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ, воситаҳои пайвасткунандаи кайҳонӣ, машқгоҳҳои баргузории тамринҳои тактикӣ, аз ҷумла тактикии зиддитеррористӣ буда, тамоми шароитҳои муосир ва замонавӣ барои сарбозону афсарон муҳайё карда шудааст.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки имрӯзҳо дар сафи Артиши миллӣ як қатор ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат намуда, мактаби бузурги шуҷоату мардонагиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меомӯзанд. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора бамаврид гуфтаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд».
Зикр гардид, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Артиш барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад.
Дар қисмати дуввуми чорабинӣ ҳунармондону сарояндагони маъруфи вилоят бо дастовези суруду таронаҳои ватанхоҳӣ ба чорабинии тантанавӣ ҷилои тоза бахшиданд.

Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия 


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика