Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бартараф намудани мушикилиҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок

Субҳи имрӯз (23.02.с.2017), соати 05:00, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади шиносоӣ ва бартараф намудани мушикилиҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок аз километри 48-уми деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб дидан кард.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни боздид барои ҳарчӣ зудтар кушодани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳо дод.
Фаъолияти Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ҷоннок гардида, дар ин самт техникаҳои иловагӣ аз ҳарду тараф таъмин карда шуданд.
Мавриди қайд аст, ки Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ба ҳолати омодабош дароварда шуда, дар шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ”, барои кормандони наҷот ҳама лавозимоту техникаи зарурӣ муҳаё карда шудааст.
Айни замон корҳо барои поксозии роҳи Душанбе-Чанноқ идома дошта, фаъолияти Ситоди ҳолатҳои фавқулодда оид ба сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шудан, расонидани кӯмак ба зарардидагон, наҷот додани одамон ва дигар чорабиниҳои бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда таҳти назорати доимӣ қарор дорад.


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика