Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон

Имрӯз (22.02.с.2017) бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона дар қисми низомии 3503 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар ҳайати афсарон ва сарбозони ҷузъу томҳои РВКД дар вилоятро бо ҷашни 24-умин солгарди Артиши Миллӣ муборакод гуфт.
Зимни суханронӣ Солеҳзода Искандар қайд намуд, ки таҷлили ҷашни 24-умин солгарди Артиши Миллӣ дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунофари кишварамон, бори дигар якдилию ҳамбастагӣ ва ягонагию муттаҳидии худро зери роҳбарии фарзанди фарзонаи ин миллати бонангу номус, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон собит намуданд.


Маҳз матонату устуворӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносии афсарону сарбозон дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, сулҳу осоиш ва амнияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ буд, ки ин санаи таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
«Боварӣ дорам, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ба зиммадоштаро бо сарбаландӣ иҷро намуда, вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматии худро содиқона ва софдилона ба ҷо меоранд»-илова намуд Солеҳзода Искандар.


Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар як қатор хизматчиёне, ки дар фаьолияти корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо тӯҳфаҳои арзишнок, инчунин собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир сарбозону афсарони қисми низомии 3503 ва хизматчиёни воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо марши тантанавӣ аз майдон гузаштанд.
Қодириён Офоқ 


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика