Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар - нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат

Имрӯз (21.02.с.2017), бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қуваҳҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3502 - и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии идона бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, афсарону сарбозон ва собиқадорони қӯшунҳои дохилиро бо ин санаи фархунда табрик намуд.
Мавсуф зикр кард, ки «Мардуми шарафманди Тоҷикистон имрӯз 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро, ки дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд.
Дар ин рӯзҳои таърихӣ ёдовар шудан бомаврид аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ – дар як давраи бениҳоят вазнин ва таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуданд, ки ояндаи давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.


Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ, имрӯз ба як нерӯи тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқудрат ва мутахассисони баландпояи ҳарбӣ мебошад.
Тӯли 24 сол афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз мо дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо ин санаҳои хотирмон ҷашн мегирем» - афзуд дар идомаи суханронӣ Рамазон Раҳимзода.
Дар ҷараёни чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ ва бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар як қатор сарбозону афсарон бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Раҳматномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Намоиши машқҳои варзишӣ-муҳорибавии тан ба тан аз тарафи хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомӣ ба чорабинӣ шукӯҳи шаҳомати хоса зам намуд.


Ҳамзамон ҳайати шахсии қисми низомии 3502 бо марши тантанавӣ аз назди минбар гузаштанд.
Дар интиҳои чорабинӣ барои ҳайати шахсӣ ва сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуда, барномаи консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия. 


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика