Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шунавандагон соҳиби сертификат шуданд!

Академияи ВКД ба ҳайси муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, дар баробари аз ҳисоби ҷавонон тайёр намудани кадрҳои болаёқат барои мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамзамон, дар заминаи таълимгоҳи мазкур кормандони амалии ин мақомоти бонуфуз аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Як гурӯҳ сардорони Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баъди гузаштан аз курсҳои такмили ихтисоси даҳрӯза соҳиби сертификат шуданд.


Шунавандагони ин машғулиятҳо, ки барномаи таълимӣ-мавзӯии курсҳои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунандаро дар заминаи Курсҳои олии академии факултети №1-и Академияи ВКД пурра аз худ карданд, дар маросими супоридани сертификатҳо сипосу миннатдории худро ба роҳбарияти ВКД ва Академия баён дошта, изҳор намуданд, ки ба онҳо беҳтарин устодон ва кормандони унвонҳои илмидоштаи ин муассисаи олии таълимӣ дарс доданд.
Дар рӯзи охири машғулиятҳо ин гурӯҳи роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки асосан масъулини мақомот дар маҳалҳо мебошанд, аз ҷойҳои тамошобоби пойтахти кишвар - шаҳри зебоманзари Душанбе дидан намуданд. Ҳамчунин дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ онҳо аз тамошои намоишнома таассуроти зиёд бардоштанд.
Умед ОЧИЛОВ,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ  


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика