Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии сардорони Шуъбаҳои милитсия бо курсантон

Дар вохӯрии курсантони Академияи ВКД бо сардорони як қатор Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки рӯзи 13-уми феврал дар толори ин муассисаи олии таълимӣ баргузор гардид, оид ба кори амалӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ изҳори назар карда шуд.
Тавре сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар оғози ин ҷамъомад иброз намуд, иқдоми мазкур ба муносибати «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 ва дар асоси Нақша-чорабиниҳои ин муассисаи олии тахассусӣ ҷиҳати такмили донишҳои курсантону бо кори амалӣ шинос намудани онҳо андешида шудааст.


- Ҳафтаи гузашта дар ВКД вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҷавонони дорои касбу кори гуногун, аз ҷумла курсантони Академия доир гардид, ки хеле озоду самимӣ сурат гирифт. Вохӯрии имрӯзаи мо низ идомаи мантиқии ин силсиламулоқотҳои роҳбарияти ВКД мебошад, ки ба масъалаи баланд бардоштани савияи донишу ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон, хусусан курсантон нигаронида шудааст, - илова намуд Шарифзода Ф.Р.
Дар идомаи вохӯрии курсантон бо сардорони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои гуногун чанде аз онҳо баромад намуда, оид ба нозукиҳои кор дар мақомоти корҳои дохилӣ, талаботи хизмат дар ин мақомоти бонуфуз, ҷиҳатҳои равонӣ, забондонию ҷаҳонбинии кормандони ҷавон ва таҷрибаомӯзии курсантон дар шуъбаҳои милитсия ибрози назар намуданд.
Дар чорабинии мазкур, ҳамчунин оид ба масъалаҳои доғи рӯз - терроризму экстремизм ва фаъолияти равияву ҷараёнҳои тундрави хатарнок низ андешаронӣ сурат гирифта, курсантон бо фаъолнокиву суолу пурсишҳояшон вохӯриро хеле шавқовар карданд. Ба саволҳои курсантон, ки ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ дахл доштанд, сардорони шуъбаҳои милитсияи шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Турсунзода, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз ва Ванҷу Ҷайҳун посухҳои мушаххас дода, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва ВКД, ки барои илму донишомӯзии насли имрӯза тамоми шароитҳоро муҳайё намудаанд, дар роҳи баланд бардоштани малакаи саводнокӣ ва забондониву ҷаҳонбинии худ саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Зимни суханрониҳо масъулини шуъбаҳои милитсия аз ин ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД, ки барои дар оянда ҳамчун кормандони масъулиятшиносу донандаи пешаи интихобнамудаи худ ба камол расонидани курсантон заминаи воқеӣ мегузорад, истиқбол намуданд.
Умед ОЧИЛОВ 


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика