Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Авто-Бону-2017»

Бонувони азиз!

Бахшида ба ҷашни «Рӯзи Модарон» ва «Соли Ҷавонон» РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи «Вечёрка» тасмим гирифтаанд, ки санаи 4-уми марти соли 2017, соати 10:00, дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнӣ озмуни «Авто-Бону-2017»-ро баргузор намоянд.
Ғолибони озмун бо мукофоти пулӣ,
- ҷойи якум – 3000 сомонӣ;
- ҷойи дуюм – 2500 сомонӣ;
- ҷойи сеюм – 2000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Озмун аз рӯи даврҳои зерин гузаронида мешавад:
Даври I. «Варақаи боздид» - «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил)
Даври II. Мусобиқаи «Донандагони Қоидаҳои ҳаракати роҳ»
Даври III. Рондани воситаи нақлиёт дар Автодром.
Даври IV. «Ёрии аввалини тиббӣ»
Давраи V. «Намоиши овезаи тарғиботӣ»
Барои гирифтани маълумоти муфассал хоҳишмандон метавонанд, ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд: 93-508-70-72, 93-555-67-07, 235-79-85, 236-07-58. 


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика