Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ

Имрӯз (28.01.с.2017), дар толори Муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ аз намуди гӯштин дар шаҳри Душанбе маросими кушодашавии мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футболи хурд, гӯштини миллӣ, шиноварӣ ва шашкаю шоҳмот миёни кормандон ва варзишгарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю муассисаҳои давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Ҷавонон – нерӯи созанда» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва варзишгарон иштирок намуданд.


Бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич оғоз бахшида, варзишгарону иштирокчиёни мусобиқаҳоро ба муносибати оғози чорабиниҳои варзишӣ дар пайвастагӣ ба «Соли ҷавонон» табрику таҳният намуд.
Абдулло Навҷувонов дар баромади хеш қайд кард, ки бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017, ки аз ташаббуси Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон маншаъ мегирад, ташкили чунин як чорабинии сатхи ҷумҳуриявӣ иқдомест саривақтӣ ва манфиатбахш.


Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои дохилӣ ба рушди варзиш дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи хаёти солим таваҷҷӯҳи хоса дошта, тамоми шароитҳои заруриро дар ин самт фароҳам меоварад. Варзиш - ин қосиди сулҳу амонӣ, пайвандгари дӯстиву рафоқати халқу миллатҳо ба ҳисоб рафта, баҳри солимии омма, рушди инкишофи насли наврас ва обутоби ҷисмонии онхо нақши аввалиндараҷа дорад. Ҷавонони кишварамонро зарур аст, аз чунин имкониятҳои мусоид самаранок истифода бурда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои баланди варзишӣ саъю кӯшиши худро равона созанд.
Боврии комил дорем, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқахои сатҳи гуногун фаъолона иштирок намуда, номбардори давлату миллат мегарданд, - афзуд дар хотимаи баромад Муовини Вазири корҳои дохилӣ Навҷувонов А.Ш.


Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллоев, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев суханронӣ намуда қайд карданд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, дар баробари вазифаи аввалиндараҷаи худ, яъне таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамзамон дар рушди варзиш ва дастгирии варзишгарони ҷумҳуриамон саҳми босазои худро мегузорад. Чунин чорабиниҳои варзишӣ барои таҳкими дӯстию рафоқат миёни кормандони касбу корашон гуногун ва варзишгарони мақомот, корхонаву идораҳои кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ҷавонон воқеан ҳам қувваи бузургеанд дар ҷомеа, ки қодиранд саҳми худро дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва ободонии диёр гузоранд, аммо расидан ба ин ҳадафҳо аз онҳо муттаҳиддию ягонагӣ тақозо менамояд. Умед аст, ки варзишгарони мусобиқаҳои имрӯза бо иштироки фаъолонаи худ дили мухлисону ҳаводорони варзишро боз ҳам шод мегардонанд. Аз шумораи зиёди иштирокчиёни мусобиқа маълум аст, ки дар кишварамон варзиш рушд меёбад ва варзишгарони мо на танҳо дар дохил, балки дар арсаи байналмилалӣ парчамбардори Ватани маҳбуб мебошанд.


Сипас, Суруди миллӣ садо дода, варзишгарону иштирокчиёни мусобиқа таҳти садои оркестр бо саф, барои омодагӣ ба мусобиқаҳо равон шуданд.
Баъд аз маросими тантанавии кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ дар толори варзишии маҷмааи мазкур мусобиқаи «Футболи хурд» оғоз гардид, ки барои тамошои он мухлисони зиёд ҷамъ омада буданд.
Варзиш дар ҷомеа такондиҳандаи тарзи дурусти ҳаёт буда, хусусан ҷавонону наврасонро аз ҳар гуна кирдорҳои номатлуб нигоҳ дошта, онҳоро ба қавииродагӣ ва такмили ҷисму руҳ ҳидоят месозад.
Қобили қайд аст, ки мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футболи хурд, гӯштини миллӣ, шиноварӣ ва шашкаю шоҳмот миёни кормандон ва варзишгарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23-юми январ то 5-марти соли 2017 дар толорҳои Муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намуди гӯштин (Манеж), Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо» ва бинои РБДА ВКД идома ёфта, ғолибонро Ҷом, Ифтихорномаю Сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишнок интизоранд.
Х. Солиҳов, Т. Латипов 


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика