Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ислоҳоти милитсия - ҳадафҳои муайянсозандаи рушд

27-уми январи соли равон дар Академияи ВКД конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти милитсияи тоҷик - ҳадафҳои муайянсозандаи рушди мақомоти корҳои дохилӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Нахуст сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот иброз намуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ислоҳоти милитсия гузаронида мешавад ва ин раванд баҳри беҳтарнамоии кору фаъолият мусоидат менамояд.


Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД, полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар дар мавзӯи «Ҳадаф ва самтҳои асосии ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон» маърӯза намуда, мафҳумҳои «милитсия» ва «политсия»-ро шарҳ дода, дар бораи самтҳою мақсадҳои асосии ин раванд ва лоиҳаи Қонун «Дар бораи политсия» ибрози андеша намуд.


Сардори факултети 3-юми Академияи ВКД, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло зимни ироаи маърӯзаи худ дар мавзӯи «Низоми таълим дар ислоҳоти политсия» изҳор дошт, ки Академияи ВКД ҳамчун даргоҳи ба воя расонидани мутахассисони милитсия баромад намуда, дар пайгирии сиёсати давлат дар самти ислоҳоти рушди милитсия корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.
Муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия Зебунисо Холдорбекова дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон» баромад намуда, қайд кард, ки моро мебояд дар пешгирии кирдорҳои зиддиахлоқиву зиддиҳуқуқӣ дар байни насли ояндасоз чораҳои зарурӣ андешем ва баҳри ташаккули тафаккури созандаи онҳо саҳмгузор бошем.
Сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети 2-юми Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков дар мавзӯи «Башардӯстии муносибатҳои иҷтимоӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар партави ислоҳоти милитсия» суханронӣ намуда, оид ба роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ, бартарафсозии монеаҳо таҳлилҳои мушаххас намуд.
Профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Академияи ВКД, майори милитсия Рифат Юлдошев дар мавзӯи «Ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ дар заминаи ислоҳи камбудиҳои соҳа» маърӯза намуда, хоҳони беҳтарсозии хизмати кормандони милитсия гардида, мушкилоти ҷойдоштаро дар самти ислоҳоти милитсия мавриди муҳокима қарор дод.
Дар ҷараёни конференсияи илмӣ-амалӣ муҳокима ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Наврӯз ҶОБИРОВ 


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика