Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Нишасти хабарӣ бо иштироки намояндагони ВАО

Имрӯз (25.01.с.2017), дар толори РВКД дар вилояти Суғд Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати мазкур дар давоми соли 2016 бо иштироки сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ва намояндагони зиёди васоити ахбори умум баргузор гардид.
Дар оғози Нишасти хабарӣ сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят Назарзода Шариф Раҳмон зикр намуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти милитсия бо рӯзноманигорон имконият медиҳад, ки масъалахои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он дар васоити ахбори омма инъикоси воқеъбинона ёфта, баҳри бартараф намудани камбудию норасогиҳои дар фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомот ҷойдошта мусоидат намояд.
Мавсуф таъкид намуд, ки роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд ба васоити ахбори омма диққати махсус зоҳир намуда, ҳар як маводи ба фаъолияти мақомоти милитсия дахлдоштаро мавриди таҳлилу муҳокима қарор медиҳад.


Баъдан Шариф Назарзода оиди натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2016 ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Мавсуф зимни суханрониаш аз вазъи ҷиноятҳои содиршуда дар соли сипаришуда маълумот дода, бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои солҳои қаблӣ вазъи ҷинояткориро дар минтақа таҳлил намуд.
Бояд зикр кард, ки дар асоси пешниҳоди мақомоти милитсияи вилоят ва таҳлили дақиқи вазъи ҷинояткорӣ, бо қарори раиси вилояти Суғд таҳти № 300 аз 17.06.с.2016 «Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016 - 2017» қабул ва мавриди иҷроиши кулли мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохтору кумитаҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ қарор гирифт.
Сардори мақомоти милитсияи вилоят Шариф Назарзода дар нишасти хабарӣ ҳамчунин оиди коҳиш ёфтани ҷиноятсодиркунии ноболиғону ҷавонон, афзудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва натиҷаҳои назарраси амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” дар ҳудуди вилояти Суғд ба рӯзноманигорон иттило дод.
Дар қисмати дуюми Нишаст намояндагони васоити ахбори умум ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия 


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика