Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ «Об барои рушди устувор»

59

Имрӯз (25.01.с.2017), дар толори Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Об барои рушди устувор" бо иштироки Кобулиев З.В. - директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Умаров Д.М. – директории генералии муассисаи давлатии «Тоҷик-Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Раҳматиллоев Р. – омӯзгори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, доктори илмҳои техникӣ ва Норматов А.Ю. – омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ. дар бораи сарфакорона истифода бурданин об, покиза нигоҳ доштани ин манбаи ҳаёт, андешаҳои хешро баён намуд.
Мавсуф дар рафти баромад бо ифтихор иброз намуд, ки бо пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии СММ якдилона барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор»-ро қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то соли 2028 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати аъзои СММ ҷонибдорӣ намуданд
Дар рафти конференсия масъалаҳои манбаъҳои обӣ барои рушди устувор, баҳисобгирии захираҳои обӣ ҳамчун омили асосии рушди идоракунии устувор, ҳамчунин, масъалаҳои ислоҳоти обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, технологияҳои нави обтаъминкунӣ ва рафъи партовҳои обӣ баррасӣ карда шуданд.
Инчунин як қатор омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД доир ба ин мавзӯъ маърӯзаҳо хонданд.
Каримова Л.М. подполковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э. подполковники милитсия 


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика