Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ оид ба фаъолияти амалияи маъмурӣ

05

Имрӯз (25.01.с.2017), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ доир ба фаъолияти амалияи маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2016 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа, муовинони Вазир, сардорони Сарраёсат, Сармарказ, раёсат ва шӯъбаҳои мустақили Дастгоҳи марказии ВКД, раёсат ва шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру вилоят ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин дигар ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ иштирок доштанд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз бахшида, вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ дар самти амалияи маъмурӣ, ошкор ва татбиқ намудани ҷазоҳои маъмурӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ ибрози назар намуд.


Сипас, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Абдураҳим Раҳимзода зимни суханронии хеш оиди мавзӯъ ва паҳлӯҳои асосии ҷаласаи оперативӣ-хизматии назди Вазири корҳои дохилӣ ба ҳозирин маълумот дод.
Дар идома, сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдухолиқ Мирзозода дар баромади худ оиди таҳлили фаъолияти ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ, ки бевосита бо фаъолияти амалияи маъмурӣ вобастаанд, аз ҷумла Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, Воҳиди махсус, Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ, Взводи назорати махсуси карантинии милитсия ва дигар ҷузъу томҳои тобеи онҳо дар соли 2016 ва муқоиса бо соли 2015 мухтасар маълумот дод.
Зимни таҳлили фаъолияти амалияи маъмурӣ пешравӣ ва камбудию норасогиҳои ҷойдошта дар маҷмӯъ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.


Ҳамчунин, дар ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо баромад намуда, роҷеъ ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва қонуншиканиҳо, баррасии парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ, натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои кории созмондодашуда ва дигар самтҳои муҳим қайд намуд.
Сипас, дар кори ҷаласа сардорони як қатор раёсат ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ полковники милитсия Ҳукуматулло Зикрулло доир ба корҳои анҷомдодашуда дар самти амалияи маъмурӣ, алалхусус дар самтҳои истифодаи ғайриқонунии замин, қувваи барқ, бехатарӣ аз сӯхтор, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Маҳмадзоир Зарифзода оиди чораҳои андешидашуда вобаста ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғону ҷавонон, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода дар самти қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, хизматрасониҳои соҳа ва дигар роҳбарони дахлдор мухтасар ҳисобот доданд.
Қайд гардид, ки мақомоти милитсия дар самти мубориза бар зидди қонуншиканӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо бо ҷомеа дар ҳамкории зич қарор дошта, кормандони милитсия зимни адои вазифа пеш аз ҳама тамоми кӯшиши худро ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон равона месозанд. Дар хотима, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият дар самти амалияи маъмурӣ, пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва дигар самтҳои афзалиятноки мақомот ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мавсуф қайд намуд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, дар баробари мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи амнияти шаҳрвандон, инчунин бояд дар ободию тозагии коргоҳ, тарбияи насли наврас ва пешрафти ҷомеа саҳми худро гузоранд.
Ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ дар назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баъди баррасии масъалаҳои мубрам, пешниҳоди таклифҳои судманд ва ба нақша гирифтани як қатор чорабиниҳои муҳими соҳавӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият ба анҷом расид.

Х.Солиҳов. 


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика