Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ коҳиш ёфтааст

Имрӯз (20.01.с.2017), зимни Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба саволҳои рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ муфассал посух дода, атрофи масоили мубрам, аз қабили коҳиш ёфтани шумораи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро, тақвият ёфтани ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷомеа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ, доир намудани чорабиниҳои мақсаднок баҳри пешгирӣ намудани қонуншиканӣ дар байни ҷавонону ноболиғон ва амсоли инҳо ибрози андеша намуд.

Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ яке аз пешоҳангони мубориза бо ҷинояткорӣ ва қонунвайронкунӣ, ҳамзамон кафили тинҷиву осоиштагӣ ба ҳисоб рафта, кормандони ин ниҳод дар пайи таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ҷидду ҷаҳд ва ранҷу заҳмати шабонарӯзиро ба харҷ медиҳанд.

Дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ хабарнигорони васеи Васоити ахбори омма доир ба масъалаҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ байни ҷавонону ноболиғон, хариду фурӯши одамон, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, садамаҳои нақлиётӣ ва қоидавайронкунӣ дар роҳҳои кишвар, эътимоди мардум ба милитсия, вазъи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷиноятҳои коррупсионӣ, паноҳандагӣ ва дигар масоили мубрам саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Зимни Нишаст рӯзноманигорон аз ҳамкориҳои пайваста бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Маркази матбуот ва Сомонаи расмии ВКД ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, баён доштанд, ки чунин ҳамкориҳо имкон медиҳад, ки дар оянда низ робитаи милитсия бо матуботи даврӣ пурсамар гардад.
Дар анҷоми Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро фикру андеша ва назари рӯзноманигорони Васоити ахбори оммаро нисбати фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ пурсон гардида, пешниҳодҳои онҳоро қобили қабул шуморид.
Бо ҳамин Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии макомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2016 анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.

 


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика