Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Норак: Кушодашавии Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилӣ бо Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо дастгирии Сафорати мазкур Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа кушода шуд.

Дар маросими тантанавии ифтитоҳи Маркази ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа Муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллии шаҳри Норак, ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Норак ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок доштанд.
Зимни суханронии хеш Муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафорати ИМА изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки таъсиси Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар таҳкими робитаи мақомоти милитсия бо мардум ва мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат хоҳад кард. Тақвият бахшидани ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа ва ба даст овардани боварии мардум аз ҳадафҳои афзалиятноки барномаи роҳандозишудаи ислоҳоти милитсия ба ҳисоб рафта, чунин иқдом баҳри тинҷиву оромӣ ва амнияти шаҳрвандон равона гардидааст.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард суханронӣ намуда, ба таваҷҷӯҳи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба рушди ҳамкориҳои мақомоти милитсия бо аҳолӣ баҳои баланд дод. 

Зик гардид, ки кушодашавии чунин марказҳо имкон медиҳад, ки мушкилоти мардум сари вақт ҳалли худро ёфта, эътимод ба фаъолияти мақомоти милитсия боз ҳам қавитар гардад.
Дар идомаи чорабинӣ намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳри Норак баромад намуда, оиди таъсиси чунин як марказ фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Х. Солиҳов 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика