Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои оперативӣ-тактикии курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

 

23

Тӯли 10 рӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои оперативӣ-тактикии курсантон дар асоси нақшаи таълимӣ баргузор гардид. Ба рафти умумии машқҳои оперативӣ-тактикӣ сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. роҳбарӣ намуд.
Ҷиҳати рафти амалии машқҳои оперативӣ-тактикӣ муовини аввали сардори Академияи мазкур, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. ба курсантон дастурҳои зарурӣ гузаронид. Сипас курсантон ба Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии рамзӣ тақсим шуда, ба фаъолияти амалӣ шуруъ намуданд.
Аз рӯи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ҷиноятҳои террористӣ-экстремистӣ, қочоқи маводи нашъадор, куштор, дуздии моликияти шаҳрвандон корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи ва маъмурӣ гузаронида шуданд. Дар робита ба ин парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оперативӣ ва ҷиноятӣ аз ҷониби курсантон мураттаб гардонида шуда, ба роҳбарони Шуъбаҳои рамзӣ, ки ба он шунавандагони факултети №2 роҳбарӣ мекарданд, супорида шуданд.
Дар машқҳои оперативӣ-тактикӣ кафедраҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, сардораш генерал-майори милитсия Имомёрбеков А., кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ, сардораш подполковники милитсия Аҳтамшозода С., сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Арипов А.Л., ҳайати профессорону омӯзгорони ин кафедраҳо ва курсантони курси 5 фаъолияти назаррас нишон доданд.
Ҳамчунин машқҳои тактикӣ бори аввал дар факултети №5 аз ҷониби кафедраи «Бехатарӣ аз сухтор», сардораш подполковники милитсия Ҳомидов А. бо ҷалби мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази савдои «Садбарг» ва бозори Шоҳмансури ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе гузаронида шуд. Курсантони факултетҳои №2 ва №5 дар машқҳои оперативӣ-тактикӣ малакаю маҳорати баланд нишон доданд.
Дар фарҷоми машқҳои оперативӣ-тактикӣ сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. курсантони фаъолро бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.
Баргузор намудани чунин машқҳои оперативӣ-тактикӣ ин восилаи муҳими тайёр намудани курсантон ба кори амалии мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика