Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳси абёти Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар маҳфили «Оламафрӯз

Маҳфил хеле ҷолибу шавқовар сурат гирифта, абёти зиёди ин шоири бузурги маънисаро аз ҷониби кормандони милитсия шарҳу тафсир ёфтанд. Роҳбаладони маҳфил, аз ҷумла Исмоил Пирмуҳаммадзода ба донишу маърифат ва фарҳангу маънавиёти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳои баланд дода, иброз намуд, ки боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки кормандони милитсия дар баробари меҳнату машаққати шабонарӯзӣ боз вақт ва имконият пайдо менамоянд, то ки маҳфилорои сухан бошанд.

Тавре масъулин иброз намуданд, “Оламафрӯз” тибқи тарҳи пешниҳодӣ ҳар моҳ як маротиба бо ширкати ҷамъе аз дӯстдорони каломи бадеъ, устодони донишгоҳҳо, шогирдон, хонандагон ва кормандони Китобхона баргузор мешавад.

“Оламафрўз” тарҳи баҳсист, яъне атрофи ин ё он ғазал ва шоҳбайт баҳси илмӣ сурат мегирад ва дар ин баҳс ҳама имкон доранд, ки ширкат кунанд, андешаву афкори худро баён созанд.
Шеваи баргузории он низ нав аст. Шоир Хайрандеш, ки муаллиф ва гардонандаи ин маҳфил аст, ҳар шумораи онро аз ҳафт ангеза дар назар гирифтааст. Дар аввалин маҳфил дар ҳафт ангеза ҳафт шоҳбайти Аллома Иқбол таҳлил шуд. Дар миёни ҳар ангеза Абдулхайри Мӯъмин як ғазал аз ашъори Иқболи Лоҳурӣ хонд.
Муаллифи тарҳ дар ҳар маҳфил мақсад доранд, ки як бузургмарди адабиёти форсу тоҷикро интихоб кунад ва онҳоро ин гуна номгузорӣ кардааст: Афрӯзаи “Фурӯғи Мавлавӣ”, Афрӯзаи “Фурӯғи Иқбол”, Афрӯзаи “Фурӯғи Саъдӣ”, Афрӯзаи “Фурӯғи Турсунзода” ва ғайра.
Саҳна ба гунаи ҷолиб ороиш ёфтааст. Дар толор аз ду тараф 49-нафарӣ, ҷамъ 96 ҷойи нишаст мавҷуд аст.  Тарафи рост бурҷи “Армуғон” ва тарафи чап бурҷи “Арғувон” ном дорад.
 Бурҷҳо ҳафтқаторӣ доранд ва он қаторҳо “Ангораҳо” номида шудаанд. Ҳар “Ангора” ҳафт ҷойи нишаст дорад ва ин ду бурҷ дар шарҳи ғазалҳову шоҳбайтҳо гӯё бо ҳам дар мусобиқаанд.
Дар атрофи бурҷҳо бо номи “Ҳафт ахтар” 7 ҷойи нишаст дуруст карда шудааст ва ин ҳафт нафар ҳар кадом дар даст баландгӯяк доранд ва маҳфилороро ёрӣ медиҳанд.

Дар рӯ ба рӯ бо аҳли толор 7 ҷойи нишасти дигар ҳаст, ки ҳафт навозанда нишастаанд ва он “Ҳафт ранг” номида шудааст.
Ҳамчуноне гуфтем маҳфили аввал хеле шавқовар гузашт. Иштирокчиён ғазалҳои Иқболро қироат карданд, шарҳ доданд ва таронаҳоро бар ашъори ӯ шуниданд.

Наврӯз Ҷобиров


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика