Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони милитсия дар меҳмонии «Театри ҷавонон»

Намоишномаи мазкур дар иҷрои ҳунармандони ҷавони театр Моҳпайкар Ёрова, Ватандор Шеров, Диловар Неъматов ва дигарон ба намоиш гузошта шуд, ки ба тамошобинон хеле писанд афтод.

Сужети намоишнома чунин буд, ки қаҳрамони асосӣ пас аз хатми мактаби миёна мехост рӯзноманигор шавад. Аммо вақте, бо ду нафар шахси ҷиноятпеша рафиқ мешавад, ба роҳи бад рафта, ҳатто нашъаманд мегардад. Ба хона дар ҳолати сархӯшӣ ва дер меомадагӣ шуда, бо модараш доим ҷангу ҷанҷол менамояд. Модараш мехоҳад писарашро аз ин роҳи бади зиндагӣ гардонад. Баъди сӯҳбати самимии модар ҷавон кӯшиш мекунад, ки аз рафиқонаш ҷудо шавад, вале онҳо ӯро ба маблағи 700 доллари амрикоӣ «қарздор» мекунанд. Ҷавон бо ҳамроҳии модараш, ки ба ӯ асли воқеаро нақл карда буд, роҳи ҳалли мушикилиро меҷӯянд. Дар ин ҳангом, ҷинояткорон ба хонаи худи онҳо ба дуздӣ медароянд. Вақте модарашро барои ёфтани маблағи пулӣ маҷбур месозанд, писараш хабар ёфта, ӯро наҷот медиҳад, аммо дер шуда буд…

Кормандони милитсия аз ҳодисаи дуздӣ хабар ёфта, ҷинояткоронро дастгир мекунанд. Ҷавон, ки акнун хатогии худро фаҳмида буд, танҳо назди модараш як чизро такрор мекард: «Модар маро бубахш!».

Намоишномаи мазкур ҷиҳатҳои тарбиявию ахлоқӣ дошта, баҳри пешгирии ҷавонону наврасон аз ҳар гуна кирдорҳои баду ҷинояткорӣ равона шудааст.

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва аҳли оилаашон аз тамошои намоишнома тааасуроти хотирмон бардошта, ғизои маънавӣ гирифтанд. 

Хусрав Солеҳов, майори милитсия.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика