Моҳи декабри соли 2014 муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ подполковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ (он замон сардори шӯъбаи минтақавӣ оид ба ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияи Ҳисор буд) аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати такмил додани ихтисос ба Донишгоҳи умумироссиягии курсҳои такмили ихтисоси ВКД Федератсияи Россия фиристода шуд.
Мавсуф дар муддати таҳсил дар Донишгоҳи мазкур ва дарсҳои амалӣ дар терминали гумрукии фурӯдгоҳи байналмилалии Домодедово ва бахши минтақавии хадамоти кинологии ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Москва оиди фаъолияти ин сохторҳо дар самти ошкор ва дарёфт намудани воситаҳои нашъадор аз наздик шинос гардид.
Дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Москва бевосита дар муоинаи қатораҳо иштирок варзида, оиди роҳҳои бо таври қочоқ интиқол ёфтани воситаҳои нашъдор тавассути қатораҳо маълумот гирифта, дар суди шаҳрии Домодедово бошад, бо сохтори судӣ ва таҷрибаи судӣ оиди баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ошноӣ пайдо кард.
Ҳамчунин дар рафти омӯзиш Мизи мудаввар дар якҷоягӣ бо намояндагони дигар кишварҳои Осиёи миёна, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир гардида, дарси муколамавӣ ва табодули таҷриба гузаронида шуд.
Дар ин машғулиятҳо тарзи гузаронидани ташхисҳои судӣ дар озмоишгоҳҳои махсус, ки бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гардида буданд, нишон дода шуда, оиди пайдо ва тарзи тайёр кардани намудҳои нави моддаҳои психотропӣ ва сатҳи гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҷомеаи муосир маълумот дода шуд.
Дар рафти курсҳои такмили ихтисос аз тарафи сардори Донишгоҳи мазкур генерал-лейтенанти политсия Демидов Ю.Н. барои иштирокчиёни ин курсҳо дарси кушод дар мавзӯи «Масоили ташкилӣ–ҳуқуқӣ ва тактикии таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар шароити муосир» гузаронида шуд.
Ҳангоми гузаштани курсҳои такмили ихтисос дар Донишгоҳи умумироссиягии курсҳои такмили ихтисоси ВКД Федератсияи Россия чорабинии фарҳангӣ баҳри шунавандагон ташкил гардида, пешниҳод шуд, ки ҳар як шунаванда метавонад дар он баромад намуда, таъриху фарҳанг ва ҳунару санъати миллати хешро муаррифӣ созад.
Қобили қайд аст, ки дар қатори намояндагони губернияҳои гуногуни Россия аз Осиёи Миёна танҳо подполковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ хоҳиши муаррифӣ намудани давлати худ - Тоҷикистонро карда, бо қироати рубоиҳо аз ашъори шоирони бузурги миллати тоҷик Умари Хайём ва Саъдии Шерозӣ бо забони русӣ ин чорабинии фарҳангиро ҳусни оғоз бахшид.
Баъди анҷоми ин чорабинӣ роҳбари аввали Донишгоҳи мазкур генерал-лейтенант Демидов Ю., ки дӯстдори ашъори классикони форсу тоҷик, хусусан Умари Хайём мебошад, рӯи саҳна омада бо қироати рубоиҳо аз ашъори Умари Хайём ба мардуми бофарҳанги Тоҷикистон ва иштирок дар ин чорабинии фарҳангӣ ба Умарҷони Эмомалӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар анҷоми курсҳои омӯзишӣ генерал-лейтенант Демидов Ю. дар байни шунавандагони дигар давлатҳо бори дигар аз таъриху фарҳанги миллати қадимаи тоҷик ёдовар шуда, барои иштироки фаъолона дар чорабинии фарҳангӣ ва қироати шеърҳои бузургон, подполковники милитсия Умарҷони Эмомалиро бо Ифтихорнома сарфароз гардонид.
Дар навбати худ аз ҷониби муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ подполковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Донишгоҳи мазкур тӯҳфаҳои пурарзиш - ашъори Умари Хайём ва Куллиёти Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, ки бо забони русӣ нашр шудаанд, тақдим гардид.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>