Юсуф мисли пештара бо бозиву нағмаҳои кӯдаконаи худ овора, ба дарс боз бе тайёрӣ омада буд. Ҳатто намедонист, ки мавзӯи вазифаи хонагӣ чист. Сараш зери миз резини кандаи ғӯлакчаашро аз нав мебаст, ки садои муаллима баланд шуд;
- Юсуффф!!!
Ғўлакашро зуд зери пойи рафиқаш партофта, аз ҷояш хест.
-Ту зери миз чӣ кор мекунӣ?
- Қаламам афтид, онро гирифтам.
- Канӣ гап зан вазифаи хонагӣ чӣ буд?
Сукут…..
-Шин ду!
Садои хандаву миш-миши бачаҳо баланд мешавад.
- Мақсуда канӣ ту гап зан вазифаи хонагии мо чӣ буд?
Мақсуда ба назди тахтаи синф баромада, аз рӯйи дафтараш вазифаи хонагиро менавишту муаллима бо аломати тасдиқ сар меҷунбонд.
Муодилаи квадратиро низ дар тахта бе ёрдами муаллимааш ҳал намуд.
-Юсуф ту шарм намедорӣ? Ин духтарак ҳамагӣ як ҳафта мешавад, ки ба мактаби мо омадааст, таёриашро бин, ту бошї эҳ…, -бо шиддат хитоб намуд муаллима.
Юсуф дар ҳолати шарм ба Мақсуда нигарист ва нигоҳаш ба чашмони шаҳлову оташини ӯ чанл лаҳза баста шуд. Барои нахустин бор буд, ки Юсуфи шух дар умри навҷавонаш чӣ будани шарму ҳаёро дарк мекард. Рангу рӯяш лолагун гашту сарашро беихтиёр ба поён андохт. Одатан Юсуф ба варзиш бештар шуғл варзида, ҳаракатҳои авбошонае дошт. Ҷасуру боғайрат буду қариб кулли ҳамсолонашро бо баҳонае латту куб мекард ва ин рафтораш барои ӯ кайфияти хосае мебахшид. Вале эҳсосе, ки ин лаҳза вуҷудашро фаро гирифтааст, барои ӯ ғайричашмдошт ва бегона буд, дар чунин ҳолати маъюсиву пушаймонӣ ба худаш қавл дод, ки дар оянда фаъол мешаваду дигар ба касе иҷозат намедиҳад, ки шаъну шарафи вайро паст зананд.
Мурғи қалби Юсуф ин лаҳза аз лонаи ишқи кӯдакӣ дона меҷуст, ӯ ошиқ шуда буд.
Ҳусну ҷамоли духтараки шаҳрӣ дилашро тасхир карда, бехабар аз он буд, ки ба ин паричеҳраи хурдакак маҷнунвор дил бастааст.
Ҳамин тавр ҳам шуд, дигар Юсуф ба касе зулм намекард, фикри ӯ ба кори дигаре банд буд. Вай акнун кӯшиш мекард, ки худашро дар назди Мақсуда писари донову боодоб нишон диҳад. Ӯ акнун тамоман тағйир хӯрда буд. Дарсҳоро дар вақташ тайёр мекард, рафтораш ҳам намунавӣ муваффақиятҳояш рӯз ба рӯз зиёд мешуд. Мӯйҳояш ҳамеша шоназадаву тозаву озода буданд. Ин ҳиссиёти ӯ зуд ба ҳама ошкор шуд. Вале касе ҷуръати чизе ба ӯ гуфтанро надошт. Фақат дар ғайби ӯ ҳамсинфонаш ба Юсуф бо тахаллуси «ошиқ»- ном мебурданд.
Вале аз ин чиз муаллимонаш бехабар буданд ва ба ин кӯшишҳои вай ҳайрон шуда, ҳар яке ба таври худ мехост ба ӯ кӯмак кунад. Бо ҳар роҳу восита мехост бо Мақсуда гап занад, шаб дар хобу рӯз дар бедорӣ чеҳраи зебои вай пеши назараш буд. Дучанд варзиш мекарду дарсҳоро низ хуб тайёр мекард. Кӯшиш мекард, ки дар назари дӯстдоштааш аз вай дида ҷавони зебову донотаре набошад. Ниҳоят ин чиз ба ӯ муяссар шуд. Ӯ тавонист.
- «Дар ҳақиқат ту муъҷизаофарини эй ишқ… Сиёҳиро ба сафедӣ, зулмотро ба рӯшуноӣ инсонро аз хокистарнишинӣ ба кайҳон мерасонӣ, бидуни ту зиндагӣ маъниву маърифате надорад», -ин буд шиори ишқи Юсуф, ки нисбат ба Мақсуда дар пештоқи девори қалбаш нигошта шуда буд.
Ниҳоят Мақсуда низ ишқи ӯро пазируфт. Акнун ӯ аз ишқи боҷавоби худ меболиду касеро намегузошт, ки ба Мақсуда ҳатто нимнигоҳе кунад. Ҳамин тавр онҳо мисли ду тану як ҷон ҳамеша бо ҳам буданд. Хушбахтиашон ҳадду канор надошт. Синфи нуҳӯмро тамом карданду таътили тобистона оғоз ёфт.
Мақсуда дар оилаи коргар, дар шаҳр таваллуд шуда, духтари тарбиятёфтае буд. Юсуф бошад дар кӯҳистон ба дунё омада, дар оилаи деҳқон ба воя расида аст ва аз ҳамин сабаб ҳам ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегуфту ба замми каме дуруштиаш дилсофу поктинат буд. Як амакаш дар шаҳр зиндагӣ мекарду бадавлат ва доим дар сафар буд. Юсуф ҳамеша мисли вай шуданро орзу мекард. Ба мошинҳои хориҷии амакаш ҳасудона менигарист. Вале, аз чӣ бошад, ки падараш то аз дунё гузаштан бо амакаш гап намезаду рафтуо низ надошт. Баъди нохӯшиву марги фоҷеавӣ, чандин соли аз дунё гузаштани падар бобояш низ таъкид мекард, ки «ту писарам ба амакат моил нашав, пулҳои вай ҳароманд…» Вале Юсуф ба ин гапҳо сарфаҳм намерафт.
Таътили тобистона ҳам ба поён расиду Юсуф аз назди бобояш, ки дар деҳаи дурдасттарини кӯҳистон зиндагӣ мекард, ба деҳаи ободу зебои худашон баргашт. Вай ба дидори дӯстдоштаи кӯчаки худ ниҳоят пазмон шуда буд ва як ҷаҳон гуфтание барояш дошт. Рӯзи аввали таҳсил низ фаро расиду ин ду дилдода ба висоли ҳам расиданд. Алакай онҳо боз як сол калонтар шуда буданду боз каме ҷиддитар…
Рӯзи аввали таҳсил барои ба синфхонаҳо ҷудо намудан тамоми хонандагони синфи даҳумро дар як синф ҷамъ карданду дарси тарбиявӣ гузарониданд. Вале то омадани муаллимон лаҷоми роҳбарӣ дар дасти Юсуф буд. Ба касе гап намедод. Ангуштаринеро, ки ниҳоят таърихи қадимӣ дошту дар паҳлӯҳояш бо хати арабӣ чизе навишта шуда буд, аз киссааш бароварда ба ҳамсинфонаш нишон дод:
- Инро бобоям дод ва гуфт, ки ин нигини сафед тилисме дорад, ки ҳар касе аз духтарон онро ба ангушташ кунад, вай зани ман мешавад ва аз они дигаре буда наметавонад!
Инро гуфту тамоми писарбачаҳои ҳамсинфаш баланд хандиданд, вале ӯ ин суханашро комилан ҷиддӣ мегуфт. Ангуштарин аз даст ба дасти духтарони ҳамсинфаш мерафту ба дасти Мақсуда расид. Мақсуда онро бе ягон фикр ба ангушташ карда, ба ҳама нишон дод. Аммо ҳеҷ кас ба ин аҳамият надод, ба ҷуз худи Юсуф…
Он рӯз пас аз дарс онҳо боз бо ҳам буданду зери дарахти кӯҳансоли болои деҳа нишастанд. Юсуф дар бораи ин ангуштарин ба Мақсуда нақл карда гуфт, ки барои чӣ ту ӯро ба дастат кардӣ? Ман ҷиддӣ гуфтам, ки ин нигин тилисм дорад ва он ниҳоят қадимӣ аст, бобоям гуфт, ки агар ин нигин ба дасти ҳар касе афтад ва он шахс инро ба дасти дӯстдоштааш андозад ҳатман ба мақсудаш мерасад.
- Хайр чӣ ту магар намехоҳӣ, ки ман ҳамсафари зиндагии ту бошам?
- Ман бисёр мехоҳам ва ин ягона умеди ман дар зиндагӣ аст, вале мо ҳозир нав синфи даҳумро хатм мекунем ва кӣ медонад, ки ин чархи фалак чӣ қисматеро барои мо раво мебинад. Оё падару модари ту розӣ мешаванд, ки духтарашонро ба ман барин писари камбағал диҳанд?
- Ба ман давлату сарват лозим нест, агар падару модарам ба бахти ман монеъ шаванд, онгоҳ ман танҳо ду роҳ дорам ё бо ту мегурезам, ва ё худамро ба ҳалокат мерасонам.
- Ту чиҳо мегӯӣ Мақсуд, ҳеҷ гоҳ чунин фикрҳоро ба сарат роҳ надеҳ!
Ҳамин буд ҳамарӯза баҳсу мунозираи ин ду дилдода. Вале афсӯс, ки ҳақ ба ҷониби Юсуф буд, зиндагии душвор он замон ба сари онҳо мушкилӣ ва мусбати зиёдеро пеш овард. Онҳо мактаби миёнаро хатм намуданду ҳар кас аз пайи зиндагии худ шуд. Мақсуда ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуду онро бо муваффақият хатм намуд. Юсуф бошад алорағми хоҳиши ҳамаи пайвандонаш барои дарёфти пулу мол ва амалӣ намудани орзуҳояш ба таклифи чандинкаратаи амакаш ниҳоят розӣ шуд ва онҳо аҳд намуданд, ки ҳамроҳ ба Русия барои тиҷорат мераванд. Юсуф бо модари бемораш ва ягона хоҳаракаш хайрухуш намуду аз бобои пираш низ дуои сафар гирифт.
Баъди чор соати парвоз бо тайёра Юсуф барои охирин маротиба ба модараш занг зад ва хабар дод, ки тайёраи онҳо солим ба замин нишаст.
Баъди ин сухан се сол аз байн гузашт, аммо аз Юсуф на хабар буду на касе дар бораи куҷо будани ӯ маълумоте дошт. Ниҳоят дар роҳи интизории ягона пуштибону дастгиру мададгораш, модари Юсуф бо сад аламу армон бо таъсири шиддат гирифтани бемориаш ин дунёи бевафоро падруд гуфту тарбияи хоҳараш ба зиммаи холааш, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекард, афтод. Бобояш низ ба ҳама ин ғаму андӯҳ тоб наёварда, ин ҷаҳонро барои абадӣ тарк гуфт. Ягона нафаре, ки новобаста ба кӯшишҳои зиёдаш ҳеҷ гоҳ Юсуфро фаромӯш карда наметавонист ин Мақсуда буд, бале ҳамон Мақсудае, ки бештар аз ҷон дӯсташ медошт, муъҷизаофарини ишқаш буду сиёҳиро ба сафедӣ, зулмоташро ба рушноӣ мубаддал сохт ва бидуни ӯ зиндагӣ барои Юсуф маъно надошт. Мақсуда ҳамоно чашм ба роҳи Юсуф буд, омадани ӯро интизорӣ мекашид… Бо вуҷуди он, ки Юсуф зарфи се сол боре ҳам ба дилдодаи худ ҳатто занг назада буд, аммо шуълаи ишқу умедворӣ ҳеҷ гоҳ дар дили духтар хомӯш намешуд. Як бор волидонаш ба як ҷавоне ӯро фотеҳа карданду нияти хонадоркуниашро карданд. Ҳатто баъди ин ҳодиса шуълаи қалби духтари ошиқ ҳамоно боҳарорат буд ва якбора ҳодисаи нохуше сар зад. Ҷавоне, ки номзад нисбати Мақсуда буд, ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуду вафот кард. Ин давраи донишҷӯии Мақсуда буд.
Баъди чанде домодшавандаи дуввум ҳам пайдо гардид. Ҳама ба тӯй омодагӣ медиданд. Ин маротиб мусибати ғайричашмдоште ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Домодшавандаро ҳангоми оббозӣ дар гармхона қувваи барқ мезанад ва ҷасади кабуди ӯро худи ҳамон рӯз ба хок супориданд. Маҳз ана хамин ҳодиса сабаб гардид, ки Мақсударо ҳама бо нигоҳи манфур менигаристанд. Дар ғоибаш ӯро бадхосият мехонданд.
Ҳама дар тааҷҷуб буданд, ки духтаре бо чунин ҳусну ҷамол, донишу малака, касбу ҳунари пазандагиву хонаводагӣ бахти худро пайдо карда натавонад ва дигар касе ҳам ӯро хостгор намешавад.
Сирри ин муамморо танҳо худи Мақсуда медонисту халос. Ин ҳамон тилисм буд, ки…
Аз тақдири Юсуф бошад, танҳо дӯсти беҳтаринаш Назар, ки мунису ҳамдамаш буд, хабардор буду халос, вале Назар асрори Юсуфро комилан махфӣ медошт.
Ҳама ин қиссаи ширине, ки дар ҳаёти ин ду навҷавон сипарӣ шуда буд, чун рӯъёи субҳгоҳон ҳар дам пеши назари Юсуф мегузаштанд. Шояд ҳамин шӯълаи умед буд, ки ин навҷавони ормониро, ки ҳазорон орзуву ҳавас дар дилаш сӯхтаву хокистар шуда буданд, намегузошт, ки бар замми ҳама машаққату бемории мушкилдаво, аниқтараш марговар тарки ин дунё кунад ва ҳанӯз ҳам нафас кашад.
Маҳбаси тангу тор, хобҷойи бетонӣ, сардии тоқатфарсои зимистони Русия аъзои баданашро озурдаву шикаста ва бемории сил ҷигарашро ба хунобае мубаддал намуда буд. Ин воқеият буд, на хаёли бофта. Дар ин дам танҳо каси сахт дилдода метавонист аҳволи қалби Юсуфро, ки замоне ошиқи беқарор буд, дарк кунаду тасаввур намояд...
Дардашро эҳсос кунад… Соли шашум буд, ки Юсуф зиндонии кунҷи маҳбас гашта буд…
Баробари ба замин фаромадани тайёра Юсуф аз телефони амакаш, ки онро дар шаҳри Маскав истифода менамуд, ба модараш занг заду дар бораи парвози бобарораш нақл кард, сонияе баъд баробари хомӯш кардани телефон ду тан аз кормандони милитсия «ин сумкаи шумо аст» гӯён ба ӯ муроҷиат намуданд ва баъди сар ҷунбонидани Юсуф аз ӯ хоҳиш карданд бо онҳо биравад. Ин манзараро дида амакаш мисли он, ки Юсуфро намешинохта бошад, миёни анбӯҳи мусофирон худро панаҳ бурд.
Дар ҳуҷраи муоина вақте, ки кормандони милитсия аз зери либосҳояш дар ду бастаи селофанӣ моддаи сахттаъсири героинро пайдо менамоянд, Юсуф ба даҳшат афтода, ба чашмони сараш бовар намекунад. Вале он вақт «ин бори ман нест» гуфтани ӯ дигар фоида намебахшид.
Юсуфро ба мӯҳлати ҳашт сол дар калонияи низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум намуданд. Дар соли сеюм алакай ӯ ба касалии сил дараҷаи дуюм гирифтор буд. Он доруву табобати духтурон барои шифо ёфтан кифоя намекард ва бар замми ин намнокиву сардии қаҳратун вуҷудашро сусту заифу пурдард намуда буд.
Баъди дастгир шуданаш амакаш ӯро тарк гуфта, ба Ватан баргашт ва ба ҳама эълом дошт, ки Юсуфро дар ҷойи кори даромаднок мондаасту вай ҳоло саргарми кор аст.
Модари мискинаш бехабар аз тақдири ҷигарбандаш бо як ҷаҳон алам ва норизогии тамом аз фарзанде, ки бо хуни дил парвардаву барояш ҳам модару ҳам падар буд, умеду ҳавасҳояшро, ки он ҳам барои хушбахтии Юсуф буд, зери хок бурд. «Оҳ Юсуф» ин охирин калима буд, ки бонафаси вопасини модараш баромада буд….
Дар ин миён барои ин ноҷавонмардии худро пӯшонидан амакаш чанд маротиба ба хонаи Юсуф омада, ба модараш дуруғи зиёде гуфт, ки гӯё Юсуф дар онҷо ба як паричеҳраи рус хонадор шудаву модару пайвандонашро фаромӯш кардааст ва гӯё ба таклифи амакаш барои ба Ватан баргаштан розӣ нашуда бошад.
Вале дӯсти наздики Юсуф Назар ба ҳама ин сафсата бовар накарда, ба ҷӯстуҷуи рафиқи мактабияш баромада, тавассути як дӯсти русаш, ки дар яке шаҳрҳои назди Маскав нозири минтақавии милитсия шуда кор мекард, бо тақдири талхи бародархондаш ошноӣ пайдо намуда, ба дидорбиниаш низ мушарраф гардид. Аммо Юсуф Назарро қасам дод, ки ин сирро ба касе накушояд…
Ниҳоят баъди шаш соли маҳбӯсӣ бо давутози Назар ва дастгирии он милитсионери рус Юсуф бо авфи умум аз зиндон озод шуд.
Баъд аз гузашти шаш сол Юсуф дигарбора муҳити озоду осударо дид ва дарк намуд, ки ширинии ҳаёт дар чист. Баъди шаш сол Юсуф боз нафаси озодӣ мекашид. Бале дарк намуд, аммо бо даҳони талх… умри ҷавоние, ки бегуноҳ барабас рафта буд, ҳавасҳои кӯдаконаи пажмурдаву аммо зиндааш. Чандин маротиба дар зиндон нақшаи фирору қасос гирифтан аз амакашро мекашид, вале фирор онҷо ғайри имкон буд.
Муҳофизаи пурзӯр, зиндони низоми пурзӯр, муносибати дурушти посбонон ва ҷисми заифаш ҳамаи нақшаҳоро барбод медод. Аммо ҳоло, ки озод аст, барои иҷрои ҳамаи ин амрҳо дигар зарурат намонда буд. Зеро ҳеҷ бадхоҳи касон ба мақсад нарасидиву зиндагии хуш надидааст.
Дар соли сеюми зиндонии Юсуф амакаш низ бо миқдори махсусан калони моддаи сахттаъсири героин ба даст афтод.
Нафси бадаш, ки дар ҳамаҷо дунболгираш буд, мақсадҳои нопокашро бармало намуд. Баъди даромадҳои зиёд хост аз шариконаш пинҳонӣ як маротиба худаш интиқолро анҷом диҳад, лекин ин амалаш аз олами ҷиноӣ пинҳон намонду дӯстони наздиктаринаш аз болои ӯ маълумот доданд.
Суд ӯро мувофиқи Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати ҳаждаҳсол бо мусодираи амвол ва бо нигоҳ доштан дар калонияи низомаш сахт ҷазо таъин намуд. Ягона писараш бо яке аз дӯстони ҷавони падар унс гирифта, ӯ низ ба истеъмоли героин шурӯъ намуду баъди як соли зиндонии падараш аз истеъмоли вояи марговари ин моддаи сахттаъсир ба ҳалокат расид.
Беҳуда нагуфтаанд «Як бад макун то ба худат сад нарасад».
Юсуф бо кӯмаки дӯсташ Назар ба Тоҷикистон ба деҳааш баргашт. Назар, ки алакай дар Русия тиҷорати калоне дошт, дар баргузории маросими хонадории хоҳари дӯсташ ҳам кӯмак намуд.
Аҳволи Юсуф рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат бадтар мешуд ва ӯ эҳсос мекард, ки рӯзҳои башумори умрашро ба сар мебарад…
Дар назди ӯ акнун танҳо як амале монда буд, ки онро бояд ҳатман иҷро менамуд. Тамоми қувваашро ҷамъ кард ва ба шаҳр ба назди шахсе омад, ки замоне умеду ормон, маъниву мафҳуми зиндагиашро бе ӯ тасаввур карда наметавонист. Ҳеҷ гумон намекард, ҳамагӣ як мусибат, як ҳодисаи нохуш ӯро аз тамоми шириниҳои ҳаёт ба якборагӣ маҳрум месозад.
Бале, ӯ ба назди Мақсуда, ба назди Мақсудае, ки ягона мақсуди вай, умеди вай, муттакои қалбаш, ширинии ҳаёташ,… ҳама ҳастияш дар тамоми ҳаёташ буд. Вале ӯро пайдо карда натавонист.
Аз кор Назар бохабар шуд ва гуё чизеро намедониста бошад ба назди Юсуф омад. Лекин то ин дам аллакай суроғаву ҷои кори Мақсударо пайдо карда буд ва ба вай тамоми саргузашти пурҳасрати Юсуфро нақл намуд. Рӯзи дигар ҳангоми вохӯрӣ бо Юсуф аз ӯ пурсон шуд, ки «Магар ту нияти вохӯрдан бо Мақсударо надорӣ?».
Юсуф нигоҳи пурмеҳру сипосгузоронае ба Назар карда, - афсӯс ба ту ҷавоби некиҳоятро гардонда наметавонам! - гӯён хитоб намуд.
Назар оҳи сард аз дили пурдард бар кашида, - Магар бародарии мо ва хидмат ба якдигар насия аст, пас қасаму аҳди бародарии мо чӣ мешавад … ту дӯсту бародари қиёматии манӣ.
- Гӯш кун Назарҷон мон, ки диламро холӣ кунам. Мо ҳарду хуб медонем, ки аз умри ман андаке мондаву …
- Э биё бас кун ҳамин гапҳоятро Юсуф, аз силкасал маризии марговар натарош. Дар ин солу замони мо ҳозир ҳама касалҳо табобат мешаванд. Ана мебинӣ ҳамин, ки тӯятро бо Мақсуда барпо намудем, якҷоя ба Маскав меравем, ман дар онҷо шиносҳои хуб дорам, ана ҳамонҷо табобат мекунем. Бо хости Худо дар як сол тамоман сиҳат мешавӣ!
- Гӯш кун Назар! мон, ки гапҳоямро гӯям. Дарди маро аз ман хубтар каси дигар намедонад. Ростӣ намедонам ба ту чӣ хел миннатдории худро баён кунам. Фақат аз даргоҳи Яздони пок ҳамеша талаби хушбахтии туро дорам.
- Ин хел нагӯй Юсуф ту бародари манӣ.
Баъди ин суханон онҳо якдигарро дуру дароз ба оғӯш гирифта ашки чашмонашон рухсораҳоро сӯзонда, дигар суханҳояшон дар гулӯ дар монд.
Рӯзи дигар Назар Юсуфро маҷбуран ба мошин шинонда ба назди боғи деҳашон бурд ва аз ӯ хоҳиш намуд, ки вориди он шавад ва худаш баргашта рафт.
Баробари ворид шудан Юсуф дид, ки дар курсии аввали боғ Мақсуда нишаста буду баробари дидани Юсуф аз ҷойяш хест. Ба чашми сар бовар намекард. Вуҷудаш меларзид, селоби хунин аз дидагонаш метаровид, гиряи талх гулугираш мекард, нафасаш танг мешуд, сараш давр мезад, аммо бо ин ҳама вуҷуд тавонист, ки пойҳои карахтшудаашро ба сўйи Юсуф-дилдодааш, меҳрубонаш, ба ҳаракат дарорад…
Ин кабутарони лонагумкарда сар ба китфи ҳамдигар гузоштаву хомӯш мегиристанд, аз дасти фалаки каҷрафтор, аз дасти номарди баттол, аз дасти қисмати носозгору аз дасти замони фитнакор…
Юсуф бо дидаҳои хунбор ин лаҳза худро гунаҳкори воқеӣ мепиндошт ва вазни сарашро рост дошта наметавонист.
-Худатро азоб надеҳ Юсуфам, ҳамаашро Назар ба ман гуфт, ту гуноҳ надорӣ, ҳамааш гуноҳи тақдири шуми ман аст, - ҳиққос мезад Мақсуда.
Баъди чанд лаҳзае онҳо ором гирифта, ба сайри боғ рафтанд. Мақсуда ҳикоя мекарду Юсуф бо рӯймолчаи дасташ даҳонашро дошта кӯшиш мекард, ки шиддати сулфаҳояшро пастар нишон дода, бемориашро аз Мақсуда пинҳон дорад.
Баъди нақли дарози Мақсуда Юсуф ба рӯмолчаи дасташ нигоҳ карда, бо ҳамагӣ як сухани худ ин сӯҳбатро хотима дод. Зеро дигар мадораш намонда буд. Рӯймолчаи дасташ аз дохил ранги арғувонӣ пайдо карда буд, ки сурхии он аз хуни ҷигари Юсуф меомад. Юсуф бо охирон нерӯ тавонист, ангуштаринеро аз кисааш бароварда ба ангушти Мақсуда андозад ва:
- акнун бахти ту кушода аст азизам, ман тавонистам, ки ин тилисмро боз кунам, - гўён Юсуф табассум намуд, табассуме, ки баъд аз шаш сол акнун насибаш гашта буд, аммо дар вақти ҳавли ҷон. Онҳо ба сари ҳамон тепачае, ки дар замони мактабхонӣ бо Мақсуда болои он мебаромаданд, дар зери ҳамон дарахти азим нишастанд. Юсуф дигар қоматашро рост дошта наметавонист, ӯ дароз мехобид, аз кунҷи лабонаш хун мешорид, аз чашмонаш ашк мерехт, аммо пеши аҷал худро аз даст намедод, зеро тавонист ҳамон табассуми одатияшро дар лабонаш нигоҳ дорад. Пеши назараш ҳамон рӯзҳои гулпӯши баҳору дастони пурмеҳри Мақсуда, ки зери ҳамин дарахт дар гарданаш ҳалқа буданд, ҷилвагар шуд. Бо умед ба хотири дарёфти маблағу баргузории тӯяш ба Русия рафтанҳо ва оғози фоҷиаҳо мурғи хаёлашро ба пайроҳаҳои зиндагӣ мебурд. Чашми чори модари марҳумаш, ки бо умеди дидори ҷигарбанд аз дорулбақо ба дорулфано рафта буд, ёдаш омаду вуҷудашро мисли барқ ларзонд. Ноадолативу номардӣ ва бевиҷдонии амаку рӯзҳои паси панҷараи ҳаёти ҷавонӣ дигарбора аз пеши назараш мегузашт, он шабе, ки амакаш қабл аз сафар сумкаашро гирифта ба ҳамсараш дод, то либосҳои Юсуфро шуста боз пас гузорад, аммо либос на, балки қабои аҷалро, ҳамон бори марговарро ҳамон шаб ба Юсуф тақдим карда буданд. Орзуҳои ширин, қалби пур аз нозу ҳаваси ҷавонӣ ва тарки дилдори маъюс барояш осон набуд.
- Маро бубахш модари азизам, маро бубахш Мақсудаи ноумедам, лаънати ҷовидонӣ ба парваришкунанда, тайёркунанда ва фурӯшандаи ин бори марг… Чашмони Юсуф ба сӯйи осмон рост мешавад……
М. Асадуллоев
аълочии матбуот ва фарҳанг
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>