Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасхиргари дилҳо

 

Ин зан подполковники милитсия Дилбар Хоҷаева мебошад, ки дар давраи вазъи ногувори сиёсии иҷтимоии солҳои 1996-1997 ҳамчун фарзанди содиқи ин сарзамин дар пешгирии кирдорҳои ҷиноӣ ва бедории ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми худро гузошта аст. Пас аз хатми факултаи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  он донишу маърифати аз худ кардаашро дар раванди фаъолияти меҳнатиаш хубу босамар истифода мекард.

Фаъолияти хизматии подполковники милитсия  Дилбар Хоҷаева аз РКД-и вилояти Суғд оғоз гардидааст. Ҳангоми дар Маркази матбуотии РВКД вилояти Суғд ба ҳайси журналист фаъолият карданаш дар телевизони вилоятӣ бо кӯшиши ӯ барномаи «Сипари адолат» таҳия ва манзури тамошобинон мегардид. Дар ҳар як нашри барномаи мазкур эҳсос мегардид, ки Дилбар Хоҷаева барои адолату баробарҳуқуқии  шаҳрвандон гузоришҳои ҷолиб омода карда, саҳм ва нақши милитсияро дар оромии ҷомеа инъикос менамояд.

Дилбар, бо маърифати баланди шаҳрвандӣ ва истеъдоди рӯзноманигориаш ҳамчун корманди фаъол аз худ дарак дод. Чунин буд, ки  роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ӯро барои идомаи фаъолият ба Маркази матбуоти Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия таъин намуданд. Истеъдоду таҷриба ва масъулияти Дилбар Хоҷаева кору фаъолият ва обрӯи ӯро дар Федератсияи Россия низ устувор кард. Мавсуф дар сатҳи телевизионҳо ва матбуоти Россия аз ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик гузоришҳои ҷолиб ва маводҳо таҳия мекард ва ба ин васила аз ҳуқуқу манфиатҳои онҳо   ҳимоят менамуд.

 Подполковники милитсия Дилбар Хоҷаева соли 2011 ба Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ ба вазифаи нозири калон оид ба супоришҳои махсусан муҳим таъин гардид. Дар ин вазифа низ, ӯ худро ҳамчун корманди босаводу масъулиятшинос нишон дод.

Дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳои «Крим-инфо», «Азия-Плюс», «Вечерный Душанбе» ва ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа» маводҳои ҷолибу дорои маърифати ҳуқуқӣ аз фаъолияти кормандони милитсия дарҷ мегардиданд. Робитаи пайвастаи ӯ ба матбуоти даврӣ ва тарзи услуби хосаи рӯзноманигориаш самар дод. Ӯ барои масъулияти баланд ва  фаъолияти хубаш дар ВКД бо нишони «Аълочии милитсия» ва «Аълочии матбуот»-и ҷумҳурӣ қадрдонӣ шудааст.

  Албатта, наметавон дар як ё ду саҳифа кору фаъолияти серпаҳлӯи чандинсолаи подполковники милитсия Дилбар Хоҷаеваро инъикос кард. Ҳангоми гусел ба нафақа он суханоне, ки аз ҷониби ҳампешагонаш нисбати кору фаъолияти подполковники милитсия Дилбар Хоҷаева гуфта шуд, далели обрӯ ва нақши мавсуф  дар байни кормандон аст. Таҷриба ва малакаи касбии чунин кормандони собиқадор ба монанди Дилбар Хоҷаева барои кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ мояи ибрат ва ифтихор аст.

 

Маҳбуба Гулова,

Нусратулло Саидов, Маркази матбуоти ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика