Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот

 Кӯмаки моддӣ ба кормандони милитсияи вилояти Суғд

Бо Фармони сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назаров Шариф Раҳмонович ба 9-нафар роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон»,  50-нафар бо маблағҳои пулӣ, 14-нафар бо раҳматномаву сипосномаҳо сарфароз гардида, ба 4-нафар иштирокчиёни ҶБВ, 30-нафар оилаҳои кормандони ҳангоми адои вазифа ҳалок гардида ва 41-нафар маъюбони мақомоти корҳои дохилӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.

 2 нақлиёти хизматӣ ба кормандони ШВКД ш.Қайроққум

Ҳамчунин ба ин муносибат дар ШВКД ш.Қайроққум бо иштироки раиси ноҳияи мазкур чорабинӣ доир гардид. Раиси ноҳияи ш.Қайроққум кормандони милитсияро бо Иди касбиашон табрику тахният намуда, ба кормандони ШВКД ш.Қайроққум 2 нақлиёти хизматӣ: тамғаҳои «Хундай-Старекс» ва «ВАЗ-2107»-ро тақдим намуд.

 Тӯҳфаи «Содиротбонк» ба кормандони милитсия

Бо мақсади пешбурди фаъолияти химатии кормандони милитсия аз ҷониби «Тоҷиксодиротбонк» дар давоми сол ба Вазорати корҳои дохилӣ се адад нақлиёти хизматӣ  тақдим карда шуд.

Кӯмак ба оилаҳои фавтидаи кормандони милитсия

 Бахшида ба муносибати Иди касбии кормандони милитсия аз ҷониби Раиси Ҳукумати вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов кӯмакҳои пуливу молӣ ба маблағи 100-сомонӣ ба 112-нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва оилаҳои камбизоату бе саробонмонда ҷудо карда шуд.  

  Ҷудо гардидани заминҳои наздиҳавлигӣ ба кормандони милитсия

 Дар Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон бо иштироки раиси ноҳияи мазкур чорабинӣ доир карда шуд, ки дар он ба 12-нафар кормандони милитсия, ки фаъолияти хуби корӣ доранд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда шуд. Инчунин зиёда аз 20-нафар бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.

Телефонҳои мобилӣ ба нозирони минтақавӣ

 Бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Вазорати корҳои дохилӣ ба миқдори 123-дона телефонҳои мобилии CDMA, тамғаи «Нокиа» тақдим карда шуд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика