Инчунин, воқеаҳои мураккаби солҳои 1997-1998, ҳуҷуми қувваҳои иртиҷоии дохиливу хориҷӣ баҳри ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯрӣ, истифодаи дастаҳои мусаллаҳ, аз тарафи сохторҳои қудратии Тоҷикистон шикаст дода шуданд. Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар сафи пеши ин муборизаҳо қарор дошта, баҳри ҳифзи Ватан ва амнияти дохилии кишвар ҷоннисориҳо кардаанд.
Дар мубориза барои несту нобуд кардани табаддулотгарон аз мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои қудратӣ 104 нафар низомиён, аз ҷумла, 59 нафар кормандони милитсия ҳалок гардида, 441 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки 148 нафари онҳо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ буданд.
Ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ тайи ин солҳо дар вазъияти пурзӯри хизматӣ қарор дошта, баҳри дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонуният, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирӣ ва кушодани ҳама гуна ҷинояткориҳо муборизаи шадид мебурданд. Дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ кормандони милитсия матонату шуҷоати беназир нишон медоданд. Онҳо таъмини амнияти дохилии мамлакат ва ҳифзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо иҷрои вазифаҳои хизматӣ, балки қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ медонистанд ва баҳри татбиқи он нерӯ, воситаҳо ва донишу маҳорати касбии худро сафарбар мекарданд.
Солҳои 1992–2001 ҳангоми таъмини амнияти дохилӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткориҳо 1419 кормандони милитсия баҳри ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҷони худро нисор кардаанд. Ёдашон ба хайр ва манзили охираташон пурнур бод.
Фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро дар мубориза ба муқобили ҷинояткориҳо ва кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ 6 феврали соли 1999 чунин баҳо дода буд: «Хушбахтона, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат дар он рӯзҳои пуртаҳлука матонат ва омодагии комил нишон дода, бо дастгирии халқ душманонро саркӯб намуданд».
Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои 2001-2012 боқимондаҳои дастаҳои яроқноки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолиятдошта, аз мубориза ба муқобили Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои қудратии он даст накашида буданд. Як қисми онҳо, ки ба гурӯҳи М.Худойбердиев шомил буданд ба хориҷи мамлакат фирор карда дар солҳои оянда низ дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолияти террористӣ мебурданд. Онҳо амалиётҳои террористии худро дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, водии Ҳисор ва шаҳри Душанбе сари чанд вақт роҳандозӣ мекарданд.
Боқимондаҳои гурӯҳҳои яроқнок ва ҷиноятпеша дар ВМКБ низ вазъияти криминогеннии вилоятро борҳо мураккаб карда буданд.
Дар ҳудуди ноҳияҳои водии Рашт вазъияти ҷамъиятӣ ва криминогеннӣ якчанд маротиба мураккаб гардида, овозаҳои омадани собиқ командири нерӯҳои оппозитсионӣ Абдулло Раҳимов бо лақаби «Мулло Абдулло» паҳн мегардид ва он беасос набуд. Абдулло Раҳимов Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро напазируфта, ба Афғонистону Покистон фирор карда, бо дастаҳои террористии ин кишварҳо алоқа барқарор намуд ва гурӯҳи начандон калони ҷангиҳои худро нигоҳ медошт. Баъзеҳо ба ӯ «Бин-Лодин»-и тоҷик лақаб гузошта буданд.
Соли 2009 дар водии Рашт вазъияти криминогеннӣ мураккаб гардида ҷангҳои байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳи хурди собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии тоҷик (ИНОТ), ки ба сохторҳои қудратӣ шомил гардида буданд, рух дод. Овозае паҳн гардид, ки гӯё гурӯҳи Абдулло Раҳимов ба водии Рашт омадааст ва ҷангҳои стихиявии сарзада амали роҳандозинамудаи онҳо мебошад. Вазъияти ба амал омадаро сохторҳои қудратии кишвар, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бо роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич (он замон муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ буд) дар як муддати кӯтоҳ ба эътидол оварданд. Баъдан ин овозаҳо хомӯш гардиданд.
Тирамоҳи соли 2010 овозаи баргаштани Абдулло Раҳимов ба водии Рашт аз нав пайдо шуд ва кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин водӣ амалиётҳои кофтуковӣ гузарониданд. Дар рафти ин амалиётҳо 27 нафар сарбозони Вазорати мудофиа, ки бо нақлиёти автомобилӣ ҳаракат мекарданд, аз тарафи ин гурӯҳҳои террористӣ кушта шуданд.
Барои содир намудани ин ҷиноят гурӯҳи Алии Бедакӣ, аз тарафи нерӯҳои қудратӣ безарар гардонида шуд. Аммо, кофтукови Абдулло Раҳимов аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёфт.
Ахиран 15-16 апрели соли 2011 дар мавзеи Камароби ноҳияи Рашт «Мулло Абдулло» бо 14 нафар размандагони худ аз тарафи нерӯҳои қудратии Тоҷикистон кушта шуданд ва бо ҳамин фаъолияти гурӯҳи террористии байналмилалии Абдулло Раҳимов хотима ёфт.
Дар ин солҳо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ИДМ чорабиниҳои фаъолонаи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мегузаронд. Бо шарофати мустаҳкамшавии ҳамкориҳои байналмилалӣ сол аз сол усулҳои кор мукаммал гардида, таҷрибаи амалӣ ҳосил гардид.
Созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, шартномаҳо, ёддоштҳои тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи як қатор давлатҳо: Давлати Исломии Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Туркия, Олмон, ИМА, Корея, Аморати Муттаҳидаи Араб ва ғайра баста шуданд.
Ин робитаҳо инчунин, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба монанди Созмони Милали Муттаҳид (ООН), Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо (ОБСЕ), Ташкилоти шартномаи Атлантикаи шимолӣ (НАТО), Созмони Конфронси Исломӣ (ОИК), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ), Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС), Созмони байналмилалии ҳифзи атфол (ЮНИСЕФ), ЮНАМИД, «Интерпол» ва дигарон инкишоф ёфта истодаанд.
Ҳамкорӣ ва дар якҷоягӣ амал намудани Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти корҳои дохилии давлатҳои наздик ва дури хориҷӣ рушду нумӯъ ёфта, натиҷаҳои назаррас ба бор овард.
Шаклҳои боз ҳам муфиди ҳамкориҳо барои мукаммал намудани робитаҳо мусоидат карда, дар мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан дар соҳаҳои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, ҷиноятҳои муташаккилона, тиҷорати маводи мухаддир ва танзим намудани раванди муҳоҷират такони бузург бахшид.
Мавриди тазаккур аст, ки Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо (ОБСЕ) ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки 2 марти соли 2011 таҳти №56 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ислоҳоти ҷиддиро дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дорад.
Ҳамзамон дар ҷаҳони муосир ба вуҷуд омадани падидаҳои нави ҷинояткорӣ ва ҷаҳонишавии онҳо мо кормандони милитсияро осуда намегузорад ва зарурати кашфи роҳу усулҳои нави мубориза ба муқобили ин падидаҳои номатлубро ба миён овардааст.
Таърихи муосири милитсияи тоҷик, қисми ҷудонашавандаи таърихи халқи тоҷик аст ва кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҳамқадами ҳаёти он буда, дар ҳифзи амнияти дохилии кишвар нақши арзанда ва созанда доранд.
Саҳми кормандони милитсия дар таъмини сулҳу субот, ризоияти миллӣ, таҳкими сохти конститусионӣ ва давлатдории навини тоҷикон хеле назаррас мебошад.
Бо итминони комил гуфтан метавон, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар назди халқу Ватан аз ӯҳдаи вазифаҳои хизматии хеш бошарафона баромада тавонист ва баромада истодааст.
Маҳбуба Гулова, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, майори милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>