Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Магар сазои некӣ бадист? , ё худ «Нидои гаҳвора»

Дар маҳаллаи Қуштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ (он вақтҳо Ленин) Шамсиддинро хуб мешинохтанд. Шодиву сурурашро хешовандон ва ҳамсоягону ҳамдеҳагон бо ҳам медиданд.

Яке аз қарзҳо, ки бар души падар фарз аст, ин пас аз ба дунё омадани тифл дар оила, номи мувофиқ ёфта гузоштан ба навзод мебошад ва дар ин амали суннатии миллӣ саҳву хато баъзан оқибатҳои номатлуб ба бор меорад. Дар интихоби ном бояд ботаҳаммул буд ва номи дурусту бомаъниро интихоб ва ба тафл гузошт. Мутаассифона Шамсиддин дар ин амали муҳим ва масъул ба хато роҳ дода, ба писар Ҷамшет ном гузошт. Чун Шамсиддин намояндаи миллати узбек буд ва дар маҳалла, ки аксар узбекҳо сукунат доштанд, Ҷамшетро «Жамшет» ном мебурданд, ҳол он ки шакли дурусти ном Ҷамшед аст.

Банда, то ҷое ки аз мушоҳидаҳои худ ва аз суханони афроди соҳибхираду заковатманд медонам, маънӣ ва мӯҳтавои тафсирии ном ба хулқу атвори тифл аксаран таъсири худро мерасонад ва хулқу атвори шахс ба номи ӯ мувофиқ мегардад. Нахустин хатои Шамсиддин аз нодуруст гузоштани ном ба писараш шурӯъ гардид.

Беҳуда шоир нафармудааст:

«Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ».

Баъдан Шамсиддин дар тарбияи Ҷамшет ба саҳлангорӣ роҳ дод ва ба қавле Ҷамшет аз гулзори маърифат гул начид ва аз кӯчаи илму хирад ва одаму одамгарӣ гузар накард. Дар иҷрои ин вазифа ва қарзи падарии худ Шамсиддин боз ҳам суст омад ва Ҷамшет аз таълиму тарбияи дуруст дар канор монд.

Ҷамшет чун бузург шуд, дар ӯ ҳирсу ҳавас ба пулу моли зиёд боло гирифт ва бештар мехост бе ранҷу заҳмате пулу моли беш ба даст биёрад. Дар роҳи амалӣ намудани ҳадафи худ Ҷамшет зиёд меандешид ва билохира ба қароре омад, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ки метавонад бо амал ва талоши кам дар мӯҳлати кӯтоҳ пули зиёде ба даст биорад, машғул ва соҳиби пул шавад. Акнун пеши назари ӯ дигар чизе наменамуд ва андешаи ӯву равонашро танҳо, бе ранҷ ганҷ ба даст овардан фаро гирифта буд.

Вожаи гаҳвора ба ҳамагон маълум аст ва дар Фарҳанги забони тоҷикӣ он ҳамчун «маҳд» - ҷойхоби махсуси кӯдак, ки бачаро дар он ҷо баста, барои хобонидан меҷунбонанд, маънидод гардидааст.

Гаҳвора, ки худ маҳсули эҷод ва офариниши инсон аст, аз ҷониби ӯ ба хотири хоби роҳати фарзандаш офарида шудааст. Чун тифл муштипар ва поксиришту поктиннат, нахуст ба ин дунёи саропо аз таззодҳо ва шӯру шар меояд, ба хотири хоби роҳат ва таъмини гармӣ дар фасли сармо, ӯро ба гаҳвора хобонида бо садои нарму лаҳни ширин модар бо сад умеду орзуҳо алла гӯён гаҳвораи ӯро меҷунбонад. Яъне гаҳвора ашё ва василаест, ки дар парвариш ва тарбияи тифл нахустин ёвару мададгори инсон маҳсуб меёбад.

Қиссае, ки алҳол ба хонандаи соҳибзавқ пешкаш мегардад як оҳи сарди ҷонкоҳест, ки ба тамсил аз забони гаҳвора оварда мешавад.

«Ман замоне дарахт будам, иборат аз решаву поя ва шоху баргҳо, ки аз замини сабзу ҷонбахш ба сӯи Хуршеди оламтоб қад кашидаву аз хоки тар ба худ ғизо ҷабида бузург гашта будам ва маро Сандал ном буд. Чун ба ин олами мавҷудоти ҳастӣ инсон қадам ранҷа карда, махлуқи солимақлтари ба шумор мерафт, ки қобилияти андешаронӣ ва заковати воло дошт, барои беҳдошти зиндагии худ тадриҷан эҷодкориҳо ва навовариҳо мекард. Иттифоқан, рӯзе аз рӯзҳо ба хотири хоби роҳати фарзанди хеш, ӯ маро бурида, дастгоҳе омода кард ва дар он тифли худро хобонид, ки тифл андарури он роҳат ва осоиш ёфт. Нахуст пайдоиши ман дар ин олами равшан дар дигар шакл ва таъинотам - ҷойхоби тифл будан, аз ҳамин шурӯъ гардид. Ҳамин тавр, ман дар тули қарнҳо рисолати азалии худро, ки худи инсон бар душам вогузошта буд, бидуни ғаразе иҷро карда омадаам.

Дар овони тифлӣ Ҷамшет чун ҳама тифлон аз хоби роҳати оғӯши ман баҳравар гардид ва модар бо умеди он, ки тифлаш баимон калон шуда, ба пирӣ дастёру мадагори ӯву падараш гардад, зери болини ӯ китоби Қурон гузошта, суруди алла бар забон шабҳои зиёде бедорхобӣ мекашид. 

Ҳамин тавр муддати бештар аз ду сол ман Ҷамшетро дар оғӯши худ парвардам ва дар кори тарбияи ӯ ёвару мададгори модараш будам. Ягона ҳадафу мароми ман низ ҳамин аст, ки тифли инсонро дар оғӯши роҳатфизои худ бипарварам ва муддате, ки тифл дар хоби ноз аст, модари ӯ пайи кору пайкори хеш бошад ва ё даме биосояд.

Чун Ҷамшет лаҳза ба лаҳза, соат ба соат ва рӯз ба рӯз бузург гардида, неруманду қавипайкар шудан гирифт, дигар ӯро зарурияти дар оғӯши ман хӯфтан аз байн рафт ва ӯ оғуши маро тарк кард. Хуллас пас аз Ҷамшет ман дигар бародарон ва хоҳарони ӯро дар оғӯш парвардам ва чун дигар ба ман ниёзи оилаи Шамсиддин намонд, маро бо он ҳама ҷиҳози таъинотиям дар як гӯшаи хона гузоштанд ва аз ман фаромӯш карданд.

Пас аз чандин солҳои дар гӯшаи ғафлат қарор доштанам, рӯзе аз рӯзҳо рӯпӯши болоям кушуда гардид ва ман шод гаштам, ки шояд боз дар хонаводаи Шамсиддин хурсандӣ аст ва шояд боз бо сабаби тавлиди тифлаке ниёз ба хидмати хоксоронаи ман пайдо гардида ва маро аз кӯи фаромӯшӣ ба дунёи суруру хушӣ ва нишоту хурсандӣ даъват мекунанд, хеле шод шудам. Гумон бурдам, ки шояд акнун фурсате расидааст, ки ман барои фарзандони Ҷамшет хидмат кунам ва дар парвариши онҳо саҳм гирам, вале ҳайҳот. Ин худи Ҷамшет буд, ки барои ниҳон доштани амале ноҷавонмардона ва кирдоре ғайриинсониву носипосона маро ҳадафу васила ихтиёр менамуд.

Яке аз рӯзҳои сарди зимистон, баробар ба моҳи феврали соли 2012 Ҷамшет рӯпӯши болои маро бардошта, зери кӯрпачаи дохилам дар 9 баста мухаддиротро гузошта, боз болоямро пӯшонид ва ман дар ин амали ҷинояткоронаи ӯ васила гардидам. Ин амали Ҷамшетро наметавон бо сухан тасвир кард. Фиғони наъраам ҳафт осмонро бардарида, то ба олами малакутӣ расид.  Дар он ҳангом, ки ӯ дар оғӯши ман мехӯфт ва ман хоби роҳати ӯро оварда ҳифзаш мекардам, ҳеҷ умеди ба ин пастӣ ва носипосӣ даст задани ӯро орзу намекардам. Вале афсус, ки дар рисолати ман Ҷамшет, фарде, ки ӯро ман бо ноз парварда будам, доғ овард ва маро гӯё аз арш ба зер афканд. Надонам ин ҳама носипосӣ ва хиёнат ба ман дар ҷавоби кадом амалҳоям буд, ки ӯ раво дид. Магар як фарзанди инсон чи гуна метавонад ба хотири нафси хеш дар дӯстиву рафоқат, дар садоқат ва накӯӣ чунин хиёнат ва бевафоӣ дошта бошад. Ин тасаввурнопазир аст.

Ба ҳамин минвол ин мухаддирот, заҳре, ки ақли одамиро тира намуда, ба амалҳои нопоку ғайриинсонӣ инсонҳоро раҳнамун месозад, то моҳи апрели соли равон дар дохили ман ниҳон буд ва гоҳ – гоҳ Ҷамшет аз он хабар мегирифт.

Иттифоқан, яке аз рӯзҳои моҳи фарвардин, баробар ба 16 апрели соли 2012 маро аз ин маводи нопок пок сохтанд. Чун ҳама мавҷудот маҳсули офариниши офаридгори яктост, амале нест, ки бидуни хости ӯ содир шавад, 16 апрели соли равон як гурӯҳ маъмурини тартибот бо Ҷамшет ба хона омаданд ва Ҷамшет боз болопӯши маро бардошт ва ба маъмурин арз дошт, ки мухаддиротро дар дохили ман нигоҳ медорад. Ҳамин тавр ин мухаддиротро аз дохили ман гирифтанд ва ман оҳи сабуке кашида, шукри офаридгор намдам ва боз ба таъиноти қаблии хеш баргаштам.

Албатта аз он, ки Ҷамшет дар ин амали ноҷоиз муҷрим гардида, ба дасти маъмурини ҳомии низом афтод ман шод нестам, зеро ман ӯро дар оғӯши худ парвардаам ва то ҷое бо модари ӯ ҳаммаромам. Ва ҳеҷ модаре ба он хотир фарзанд ба дунё намеорад, ки рӯзе фарзандаш ба балое гирифтор гардида, обрӯи ӯро коста гардонад. Вале чи илоҷ, ки баъзан аъмоли нопок алайҳи майлу хоҳиши инсонҳо содир мешаванд ва ҳар амалро дар ҷаҳони одамият подошест. Некро накӯ ва бадро бад».

Ба ҷурмаш кунун пеши қонун ҷавоб,

Ҳаме хоҳад ӯ дод андар ҳисоб.

Масал андар ин роз бошад ҳамон,

Ки бадкорро бад расад ҳамчунон.

Ҳодисаи зикршуда аз ҷониби Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафтиши пешакӣ қарор гирифта, пас аз ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ, парвандаи ҷиноятӣ бо фикри айбдоркунӣ баҳри моҳиятан баррасӣ гардидан ба суд фиристода шуд. Бо ҳукми суд Сайфиев Ҷамшет Шамсиддинович дар содир намудани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, бо моддаи 200 қ. 3 б. б. «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам дониста шуда, ба мӯҳлати 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум гардид.

 

Амиров Ғаффор    Ғоибович, Муовини сардори шӯъбаи Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика