Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба рӯзи милитсия

Ҳама дам беқарорӣ, эй милиса.

Барои он, ки мардум тинҷ хобад,

Ту худ хобе надорӣ, эй милиса.

Ба савганду Ватан бошӣ ту содиқ,

Ба азмат устуворӣ, эй милиса.

Ягон иде туро идӣ нашояд,

Фақат як ид дорӣ, эй милиса.

Дигар дар рӯзҳои иду шодӣ,

Басо серкоруборӣ, эй милиса.

Камар бастан ба хизмат баҳри мардум,

Зи ҷон авло шуморӣ, эй милиса.

Сутуни давлату миллат ту бошӣ,

Ту ҳомии диёрӣ, эй милиса.

Ва андар рушди давлат бемуҳобо,

Бавежа саҳм дорӣ, эй милиса.

Низоми мулкро бошӣ муҳофиз,

Басо пуриқтидорӣ, эй милиса.

Шарафманд пешаӣ, корат савоб аст,

Маро ту ифтихорӣ, эй милиса.

 

Аз умури дохила мардум буданд умедвор

Тундбоде шум сӯи меҳани мо барвазид,

Абри тира осмони мулки моро баргузид.

Чеҳраи хуршеди тобонаш гирифт он абри шум,

Оташи кину адоват сӯхт моро марзу бум.

Миллати тоҷик шуд бозичаи дасти касон,

Дар либоси дӯст душман дар бағал теғаш ниҳон.

Тоҷиконро бо ду сангар карда қисмат душманон,

Ду бародар ҳамдигарро гашта андар қасди ҷон.

Дуди оҳи модари тоҷик печид бар само,

Осмонро баргирифту тира шуд нуру сафо.

Оташи сӯзони ҷанги хонумонсӯз шӯълавар,

Ончуноне, ки бисӯхтӣ ҷумла хушку ҷумла тар.

Дар чунин айёми тақдирсози миллат устувор,

Монда бар савганд содиқ, буд милиса рӯи кор.

Шермардонаш ба рӯзи нанг будӣ пешсаф,

То зафар ёбанд онон, ҷумла будӣ ҷон ба каф.

Ин ташаннуҷ бар ҷиноятпеша будӣ муддаъо,

Дар либоси дӯсту душман менамудӣ «корҳо».

Дуздиву ғоратгарӣ бар авҷи аъло мерасид,

Бенизомӣ мулкро бар коми зулмат мекашид.

Пешвое омад ин дам, шермарди порсо.

Ҳамчу хуршеди саодат нурбахшу босафо.

Миллати тоҷик атрофаш бигашта муттаҳид,

Ваҳдити миллӣ - шиори хештанро баргузид.

То низоми мулк монад пойдору устувор,

Аз умури дохила мардум буданд умедвор.

Ҳар касе к-ӯ ҷабр дид аз ноҷавонмарде палид,

Он замон имдодрас ӯро милиса шуд падид.

Дар низоми дохили кишвар басо буд пешкор,

Пешсаф буд рӯзи майдон, ҳам ниҳону ошкор.

То ки мулк обод бошад, мардумон саргарми кор,

Хобро аз чашм ронда, рӯзу шаб андар қатор.

Ҷашни мавлудат муборак, ҳомии сулҳу субот,

Рӯзи фирӯзат муборак, бахт хоҳам аз барот.


Гар биҳишт ин ҷост

Гар биҳишт ин ҷост Ҳаққо Тоҷикистони ман аст,

Рашки ҷаннат дар Хуҷанду Рашту Хатлони ман аст.

Дар Ҳисори зарнисорам хок бар каф зар шавад,

Ин ҳама эҳсону назри пок Яздони ман аст.

Мӯъҷизоти офариниш бошад ин ҷо бешумор,

Номгӯе чанд аз он дар Бадахшони ман аст.

Кӯҳсори кишварам дорад ҳазорон кони зар,

Қуллаҳои барфпӯшаш шӯҳрату шони ман аст.

Ҳар гиёҳи кӯҳсорам аз нигоҳи илми тиб,

Сад даво бар дардманду ҷумла дармони ман аст.

Аз баҳорон то ба поиз гул кунад садҳо чаман,

Шаҳди аъло ангубинаш роҳати ҷони ман аст.

Меваҳояшро набошад ҷӯра дар рӯи замин,

Бас лазизу ҳам гуворо неъмати хони ман аст.

Руди кӯҳияш мусаффо ташнаро роҳатфизо,

Манбаи нури фурӯзон дар шабистони ман аст.

Бас қадамҷойи бузургон, орифони роҳи ҳақ,

Дар диёри камзамини соҳибирфони ман аст.

Ман бифахрам бо диёрам эй Амирӣ ҳар куҷо,

Тоҷикам, ҳубб-ул-Ватан аз нури имони ман аст.

 

Дар ҳасрати васли шаби ялдои ту бошам

Ман шефтаи наргиси шаҳлои ту бошам,

Мафтуни қаду қомати болои ту бошам.

Лайлисифат он ноз ҳама мекунӣ бо ман,

Савдозада он ошиқи шайдои ту бошам.

Ширинии шаҳду шакар он ғунчалабонат,

Махмури лаби лаъли шакархои ту бошам.

Гар майл намоӣ ба гузар ҷониби кӯям,

Гарде бифитода ба қадамҳои ту бошам.

Шаб оини торикӣ зи чашми ту биомӯхт,

Ман толиби афтода ба савдои ту бошам.

Гар даст ба қатлам бидиҳад зиндагӣ рӯзе,

Овехта бар зулфи сумансойи ту бошам.

Ҳиҷри ту кашам бо ҳама нокомӣ Амирӣ,

Дар ҳасрати васли шаби ялдои ту бошам.

 

Медиҳад

Як нафас бе ёди ту моро ба мушкил медиҳад,

Сели ашкам рӯи хоки даргаҳат гил медиҳад.

Интизорам, мазраи хушкидаи қалби маро,

Хоҳиши дарёият мавҷе зи соҳил медиҳад.

Рафта аз даст ихтиёрамро инони фозилӣ,

Ин ҷунунӣ бе ту кай ҷоро ба оқил медиҳад?

Корвонсолори ишқам аз раҳи меҳру вафо,

Он парирӯ бори васлаш кай ба маҳмил мениҳад?

Гаштаам бемору васли ӯ мудаввои дил аст,

Ин табиби бемурувват кай ба мо дил медиҳад?

Оташи ҳиҷрон саропо сӯхт моро гар вуҷуд,

Ҷои ҷоми васл моро заҳри қотил медиҳад.

Аз ғами беҳуда хӯрдан шуд Амирӣ хунҷигар,

Сабрро аз ғура ҳалво бору ҳосил медиҳад.

                                                                                 

Таронаи ишқ

Дилам таронаи ишқи туро саро дорад,

Садои дук-дукаш оҳанги ошно дорад.

Агар ҳаметапад аз шавқ андар ин сина,

Висоли рӯи туро майлу иддаъо дорад.

Тавону тоб надорам зи шеванаш чун ӯ,

Ҷунуни ишқи ту бас оҳу нолаҳо дорад.

Даруни кулбаи тан дар сукути танҳоӣ,

Ба ҷоми ғуссаи ҳиҷронт иктифо дорад.

Саро таронаи шодӣ аё дили маҳзун,

Ки дарди ғусса ба шодӣ сари шифо дорад.

Ба ком гар нарасидӣ машав дило навмед,

Сабур бош, ки ҳар кор интиҳо дорад.

Амирӣ з-ин дили саркаш бигу чӣ мехоҳӣ?!

Висол хоҳаму дардаш ҳамон даво дорад.

              

Моро ба ҳам расонад

Зеботаре ба гетӣ чун рӯи ту надидам,

Чун атри гесувонат мушке наёшамидам.

Аз боби хушсадоӣ ҷои сухан бигӯям,

Чун лаҳни шакаринат, ҳарфе куҷо шунидам?

Ман куштаи ду чашмам, бо он камони абрӯ,

Ними нигоҳат эй маҳ, бо нақди ҷон харидам.

Хуршеду маҳ накӯянд, ҳар як ба ҷойгоҳе,

Ман моҳи хештанро дар чеҳраи ту дидам.

Сайёди тезгардам ту сайди бодпоӣ,

Сайде чу ту ба домам ҳаргиз наёваридам.

Эй дилбари накурӯ, болобаланди дилҷӯ,

Чун сарви қомати ту андар чаман надидам.

Халлоқи даҳр эй кош, моро ба ҳам расонад,

В-он гаҳ зи шавқ гӯям, бар орзу расидам.

 

            Ақли побарҷо биё

Азми сайди маънӣ дорӣ рӯ ба сӯи мо биё,

Бар саманди ақл биншин шоду бепарво биё.

Сӯҳбатат бошад гуворо, ҳамнишин аст гар закӣ,

Эй алорағми ҷаҳолат хубу истеъло биё.

Нотавонбинӣ набошад кори аҳли иштиёқ,

Шавқ бар дил, шӯр бар сар, дидаи бино биё.

Нест навмедӣ ба қалби аҳли маънӣ рахнагар,

Эй умеди фатҳи зулмат ҷониби фардо биё.

Аз шабистони ҷаҳолат раҳ бурун орад хирад,

Эй фурӯғи субҳи дилро чун яди байзо биё.

Бохирад ҳарҷо равад ёбад ба зудӣ обрӯ,

Эй хирадро рӯҳафзо, ақли побарҷо биё.

Ҳамнишини аҳли маънӣ низ гардад бонуфӯз,

Чун гили бо мушк якҷо накҳати воло биё.

Сӯҳбати ҳаммаслакон ҳар гуна ёбад ибтидо,

Маҳфили аҳли назарро шӯълае пайдо биё.

Андар ин даҳри саропо зулмату хайли бало,

Эй Амирӣ ҳамчу шамъе шӯъла нурафзо биё.

 

Амиров Ғаффор    Ғоибович, муовини сардори шӯъбаи Раёсати тафтишотии ВКД, Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия 

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика