Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар роҳи «Муҳофиза»

  Дар ин чорабинии идона сардори хадамоти зикргардида полковники милитсия Шодибек Раҷабов, кормандони ҷавон ва собиқадорон баромад намуда, аз қаҳрамониву шуҷоат ва матонату корнамоиҳои кормандони ин бахш дар тӯли мавҷудияташ ёдовар гардида, аз ҷумла қайд карда шуд, ки дастовардҳои хадамоти «Муҳофиза» хеле назаррас мебошад.

Дар баробари шукуфоиву пешрафт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон, бахусус пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, ки ҳамасола садҳо бинову иншоот, муассисаву идораҳо, толору майдонҳои варзишӣ, нерӯгоҳу корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ сохта, мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ҳар яки аз онҳо бар ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои хизматии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва бори масъулияти он афзун намуда, таъмини амният ва ҳимояи онҳо аз ҳама гуна амалҳои ҷинояткорона ба зиммаи ин сохтори муҳими давлатӣ вогузор карда мешавад.

Хушбахтона таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафту тараққиёт дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мо баръало ба мушоҳида мерасад, ки мақомоти корҳои дохилӣ низ аз он истисно нест.

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ва дастгирии ҳамаҷонибаи Роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он бо техникаву таҷҳизоти муосир, сару либоси низомӣ, шароити мусоиди корӣ ба пуррагӣ таъмин карда шудааст.

Дар ҷавоб бо ин ғамхориву дастгириҳои пайваста, кормандон-ҷавонмардони шуҷои ин сохтори муҳиму пуриқтидори қудратӣ низ  бо ҳама гуна қувваҳои ҷинояткор муборизаи беамон бурда, суботу оромӣ ва осоиштагии рӯзгори мардумро дар саросари мамлакат ба пуррагӣ таъмин менамоянд ва хушбахтона мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои осишта ва беғубор умр ба сар мебаранд.

Имрӯзҳо бо тавсия ва мусоидати ҳамаҷонибаи Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқшиноси шоистаи ҷумҳурӣ Рамазон Ҳамроевич Раҳимов, ки садҳо асарҳои илмиашон нашр гаштаву дастурамали беминнати кормандон гардидааст ба тарбияи кадрҳои баландихтисос ва омӯзиши илму маърифат таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуда, садҳо кормандон ва ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат ба омӯзиши илму ҳунар сафарбар карда шудаанд, ки қисми зиёди онҳо алакай соҳибмаълумоту соҳибҳунар гашта, дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ содиқона ва бо маҳорати баланди касбӣ адои хизмат менамоянд.

Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тахассусии кормандон дар Вазорати корҳои дохилӣ Маркази тестӣ кушода шудааст, ки ҳангоми аз як вазифа ба вазифаи дигар ё баландтар гузаштан, ё рутбаи навбатӣ гирифтан кормандон аз санҷиши тестӣ гузаронида мешаванд, ки ин талабот онҳоро водор месозад, ки барои баланд намудан ва сайқал додани савияи дониши худ кӯшиш намоянд. Натиҷаи ҳамин талошҳост, ки имрӯз дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ, аз он ҷумла дар Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ низ нафарони соҳибҳунар ва дорои малакаи баланди касбӣ фаъолият менамоянд, ки маҳз аз ҷониби онҳо беш ҳазору дусад бинову иншоот, корхонаву манзилҳои истиқоматӣ ва дукону марказҳои савдо муҳофизат карда мешаванд, ки онҳо барои кишвари тозаистиқлоли мо тақдирсоз ва дорои аҳамияти ҳаётан муҳим мебошанд.

Бо боварӣ гуфта метавонем, ки ин дастовардҳои беназири кишвари азизамон зери ҳимояи боэътимод қарор дошта, ҳеҷ хавфу хатаре ба мавҷудияти онҳо таҳдид намекунад.

Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, имрӯз дорои муосиртарин таҷҳизоти техникаи муҳофизатӣ буда, метавонад ҳазорҳо бинову иншоот ва манзилҳои истиқоматиро тавассути таҷҳизоти тезникии боэътимод низ муҳофизат намояд.

Кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ на танҳо ҳомиёни молу мулк ва дороиву ғановати давлат ва шаҳрвандонанд, балки аз ҷониби кормандони хадамоти мо ҳамасола, даҳҳо далелҳои дуздӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, нигоҳдории ғайриқонунии яроқ ва лавозимоти ҷангӣ, дастгир намудани ашхоси дар кофтукови ҷиноятӣ қарор дошта ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо ошкор карда мешаванд ва бо ҳамин роҳ корхонаву иншоотҳо ва дигар моликиятҳои ҳифзшаванда аз зарару зиёни гаронҳаҷм эмин дошта мешаванд.

Ҳамин натиҷаву дастовардҳои пайваста аст, ки бовариву эътимоди мардум ба ин сохтор бештар гардида, ҳамасола садҳо иншоотҳои нав зери ҳимояи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, агар дар ҷамъбасти нӯҳмоҳаи соли 2011-ум 1146 аз ҷониби хадамоти мазкур муҳофизат карда мешуд, пас дар ҳамин давраи соли 2012-ум 1287 бинову иншоот зери муҳофизат қарор дода шуд.

Инчунин, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар баргузор намудани ҷашну идҳои миллӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ низ саҳми кормандони милитсияи муҳофизавӣ хеле назаррас буда, бахусус дар ҷаншвораҳои идонае ба монанди Иди Наврӯз, рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Истиқлол ва даҳҳо ҷашнҳои дигар, ки бо иштироки меҳмонҳои олиқадр, роҳбарони давлатҳо баргузор мегарданд, онҳо хизмати худро пурзӯр намуда, барои дар сатҳи баланд доир гаштани он ва хурсандиҳои миллати худ саҳми арзанда мегузоранд. Дар ин айём онҳо бахусус, дар ҳифзи меҳмонхонаҳову марказҳои адабӣ, таъмини бехатарӣ ва амнияти меҳмонон аз худ масъулияти баланди хизматӣ нишон медиҳанд.

Дар маҷмӯъ кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ҳамеша мекӯшанд, ки дар роҳи содиршавии ҳама гуна ҷиноят садде бошанд, шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд то дастовардҳои кишвари тозаистиқлоламон поянда бошад.

Кормандони ин Хадамоти муҳими давлатиро бо ин санаи фараҳбахш, иди касбии милитсияи муҳофизавӣ табрик гуфта барояшон барору комёбӣ, рӯзгори осудаву хуш хоҳонем.

Иди касбиатон муборак кормандони Хадамоти Давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

 

Асадуллоев М., майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика