Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Талошу ҷонбозиҳо…

15-уми октябри соли 1943 дар синни 18-солагӣ ба полки захиравии 26-уми таъсисдодашудаи Роҳи оҳан барои хизмат ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шудааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар набардҳо бар зидди фашистони истилогар иштирок намуда, аз худ корнамоиҳо нишон додааст. Баъди ҷанг дар барқарорсозии харобиҳо ва оқибатҳои ҷанг саҳми арзанда гузошта, барои тинҷию амонӣ ва ободию осудагии мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мубориза бурдааст.   

Пас аз анҷоми ҳафт соли хизмат соли 1950 ба Бошқирдистон бармегардад. Баъд аз чанд вақт ба вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчида, дар заводи равғани шаҳри Қурғонтеппа ба кор даромада, дар муддати се сол аъзои Шӯрои депутатҳои шаҳри Қурғонтеппа мешавад.

Соли 1953 барои таҳсил дар мактаби хадамоти амниятӣ ба шаҳри Харков фиристода шудааст. Баъди хатми донишкада ба Тоҷикистон омада, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Баъдтар дар Вазорати корҳои дохилӣ ба кор даромада, солҳои  тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, риояи қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштааст.

Макаеев Евгений Яковлевич айни замон нафақахӯр мебошад. Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари дигар собиқадорон – ветеранҳои ҷангу меҳнат ҳамеша аз ҳолу аҳволи ин ҷанговари шуҷоъ ва абармарди даврони хеш хабар гирифта, бо кӯмаку ғамхориҳо рӯҳияи онҳоро болида мегардонанд.    

Зардиев Манучеҳр, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика