Соли 1939 ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон муҳоҷир мешавад. Соли 1943 ӯро барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват мекунанд. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар яке аз полкҳои низомӣ тайёрии ҳарбиро мегузарад. Баъд аз 3 моҳ ӯро ба фронти дуюми Беларуссия сафарбар мекунанд. Ҳамчун аскари қаторӣ дар қӯшунҳои пиёдагард бо ихтисоси тирандози танкҳо хизматро шурӯъ мекунад. Моҳи декабри соли 1943 ярадор шуда, дар Госпитали ҳарбӣ табобат гирифтааст. Баъд аз табобат Пётр Петровичро ба курсҳои шашмоҳаи афсарони ҷавон сафарбар менамоянд. Баъд аз курси шашмоҳаи афсарони ҷавон бо рутбаи «лейтенанти хурд» ҳамчун командири взвод ба қисми ҳарбие, ки пеш хизмат мекард бармегардад.
Дар муҳорибаҳои шадид барои озод кардани Беларуссия, Лаҳистон (Полша) ва дигар давлатҳои Аврупо то ҳудуди Олмон иштирок намуда, соли 1945 то соли 1949 дар қӯшунҳои ИҶШС хизматро давом медиҳад.
Баъди хизмат соли 1949 боз ба Ӯзбекистон баргашта, бо тавсияи Комиссариати ҳарбӣ дар Тошканд ба Вазорати корҳои дохилӣ ба кор медарояд.
Соли 1960 ӯро ба Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристоданд. Собиқаи хидматияш дар Вазорати корҳои дохилӣ 31 солро ташкил менамояд.
Гордян Пётр Петрович айни замон дар ҳалқаи наздикону пайвандон давлати пирӣ ронда, шукргузорӣ аз ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи Сарвари Давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ менамояд, ки пайваста аз ҳолу аҳвол ва шароити рӯзгори ӯ бохабар мегарданд. Насли ҷавони милитсия корнамоӣ ва кору пайкори ин собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ ва ветерани ҷангу меҳнатро шоистаи таҳсин ва мояи ифтихор медонанд.
Раҳмонов Ғолибҷон, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>