Қадимов Давлатшо 3-юми марти соли 1926 дар деҳаи Падкунови ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1932 аввалин маротиба ба мактаби ҳафтсолаи таҳсилоти миёнаи деҳаи мазкур рафта, онро соли 1939 хатм намудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна дар колхоз ба ҳайси табелчӣ фаъолият намуда, худи ҳамон сол ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар полки таълимии 221-уми Самарқанд ба хизмати ҳарбӣ мепардозад.
Дар рафти хизмати харбӣ полки номбурдаро ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба полки тирандозии фронти Украина сафарбар намуданд, ки то соли 1946 бо дигар баталиёнҳо тавассути сарҳади Полша, Чехословакия, Австрия ва Руминия ба муқобили лашкари истилогаронаи фашистӣ ҷангида, ба сарҳади Олмон ворид шудааст.
Худи ҳамон сол бо ҳамроҳии полки таълимии №211 ба Украина баргашта, мактаби ҳарбии Украинаро хатм намуда, бо рутбаи «сержант» ба вазифаи сардори пости №8-уми Назорати ҳавоӣ ва огоҳ намудани алоқа (ВНОС -Воздушное наблюдение и оповощение связи) таъин шудааст. Аз соли 1948 то 1949 ӯ дар вазифаи командири шӯъбаи 16-уми баталиёни ВНОС фаъолият намудааст.
Баъди тамом шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1954 ба зодгоҳаш баргашта, ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дарвози ВМКБ ҶШС Тоҷикистон сафарбар шуда, то соли 1964 дар вазифаи милитсионери ШКД-и ноҳияи Дарвоз фаъолият намудааст. Аз соли 1965 ба гурӯҳи оперативии РКД-и шаҳри Душанбе шомил шуда, то соли 1970 бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурдааст.
Аз соли 1970 то соли 1977 дар вазифаи командири шӯъбаи взводи посбонии РКД-и шаҳри Душанбе кор намуда, худи ҳамон сол ба нафақа баромадааст. Бо ин нигоҳ накарда то соли 1985 дар шӯъбаи давлатии хизматӣ дар назди ВКД Тоҷикистон ҳамчун посбон фаъолият намудааст.
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва фаъолияти хизматӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ якчанд маротиба бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шудааст. Оид ба корнамоиҳои ҷангӣ ва хизмати содиқонаи Қадимов Давлатшо ба Ватан дар рӯзномаи «Коммунисти Тоҷикистон» мақолаҳо нашр гардидааст.
Бешубҳа, кору пайкори ин марди наҷиб дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин нақш баста, амалу ҷонбозиҳои ӯ баҳри ҳимояи Ватан ҳеҷ гоҳ аз хотираҳои насли имрӯзу фардои кишвар зудуда нахоҳад гашт.
Ҷашни Ғалаба муборак, абармарди корзор!
Юсупов Саидмавлон, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>