Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки Ҷураев Яъқуб зимни насб намудани Парчами Иттиҳоди Шӯравӣ дар Рейхстаг

Ҷураев Яъқуб 9-уми октябри соли 1926 дар ноҳияи Панҷ  чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таҳсилоти миёнаро дар ноҳияи зикрнамуда гирифтааст. Соли 1944 аз тарафи Комиссариати ҳарбии  ноҳияи Панҷ ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар фронти Украина дар шаҳри Кинсберги Германия (Олмон) аз 15-уми марти соли 1945 то 9-уми июни соли 1945 дар муҳорибаҳо барои сарнагун намудани фашизми истилогар ҷонбозиҳо намудааст.

Пас аз шикасти Олмон то  9-уми майи соли 1945 дар ҳайати фронти Забайкале ширкат варзида, дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар ин ду фронт ба ҳайси минамётчик ва кашшоф (разведчик) фаъолият намудааст.

Барои корнамоиҳояш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медали «Ғалаба бар Германия» «Ғалаба бар Япония», барои гирифтани «Кинсберг», «Разведчики беҳтарин», «Минамётчики беҳтарин» сарфароз гардидааст.

Яъқуб  Ҷураев аз соли 1944 то соли 1950 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуда, барои ба даст овардани музафаррият корнамоиҳо нишон додааст.

Чӣ тавре, ки худи Ҷураев Яъқуб ба мо иброз дошт, шаҳди Ғалабаро дар худи шаҳри Берлин чашида, рӯзи гирифтани парчами Германияи фашистӣ ва насб намудани Парчами Иттиҳоди Шӯравӣ дар Рейхстаг иштирок намудааст.

Ин лаҳзаҳои таърихӣ на танҳо барои иштирокчиёни ҷанг, балки барои тамоми мардуми азияткашидаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки фарорасии Ғалабаро бо тамоми ҳастӣ интизорӣ мекашиданд, фаромӯшнашаванда ва риққатовар буд. Ҳама, шиносу ношинос, ёру рафиқ ва ҳамяроқу ҳамнабард бо фарорасии Ғалаба ва анҷоми ҷанги мудҳиш ҳамдигарро муборакбод намуда, мебӯсиданд ва ашки шодӣ аз чашмони хурду калон ва пиру ҷавон ҷорӣ мешуд. Чӣ лаҳзаҳое… ин лаҳзаҳоро ҳатто тасвир кардан имконнопазир аст. Ҳазорон модарони чашминтизор, занони бевамонда, фарзандони ятим ин лаҳзаҳоро интизор буданд, ки шояд бо фаро расидани Ғалаба писараш, шавҳараш ва ё падараш аз ҷанг бармегардад. Вале, ҳайҳот, миллионҳо ҷанговарони шаҳид ба ин Рӯзи фараҳбахш нарасиданд ва миллионҳо доғ, ормон ва ҳасрат дар синаҳо боқӣ монд.

Хушбахтӣ ба кам нафароне насиб гардид, ки наздикони худро, он ҳам бошад, маъюбу ярадор қабул намоянд.     

Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ Яъқуб Ҷураев низ бо захму ҷароҳатҳо ба Ватан баргашта, аз соли 1950 то соли 1980 дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни ҳайати қаторӣ ва миёнаи роҳбарикунанда дар ШКД ноҳияи Панҷ фаъолият намуда, бар зидди ҷинояткорӣ муборизаи беамон бурдааст.

Ин марди накӯном дар қатори ҳазорон нафар ҳомиёни Ватан бар зидди фашизми истилогар ва бераҳму бетараҳҳум ҷони худро сипар намудааст, то имрӯзиён ҳаёти озоду хушбахтона ва орому осуда дошта бошанд.

Мо – насли ҷавон аз қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои ин ҷавонмардони далеру шуҷоъ ва фарзандони фарзонаи халқи тоҷик ифтихор намуда, ба онҳо сари таъзим фуруд меорем.    

Раҳмонов Ғолибҷон, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ. 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика