Қурбонов Ҷамил дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муҳорибаҳо иштирок намуда, барои аз фашизми истилогар озод намудани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва як қатор давлатҳои дигар ҷонбозиҳо намудааст.
Он вақтҳо Ватани 15 ҷумҳуриҳои дӯсту бародар ягона буда, Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Сотсиалистӣ (СССР) ном дошт.
Фарзандони Тоҷикистони азиз низ дар қатори дигар миллату халқиятҳо барои сулҳу субот ва озодии башарият аз истилогарони фашистӣ корнамоӣ ва қаҳрамониҳо нишон додаанд.
Қурбонов Ҷамил баъди ба анҷом расидани ин ҷанги мудҳиш низ, хизматро идома дода, аз 21-уми марти соли 1947 то 20-уми октябри соли 1950 ба сифати командири шӯъбача дар Артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Сотсиалистӣ адои вазифа кардааст.
Баъди адои хизмат ба Ватан баргашта, дар мақомоти корҳои дохилӣ то 30-юми сентябри соли 1970 ба сифати сардори шӯъбаи хоҷагидори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Кӯлоб фаъолият намудааст. Аз ҳамин сана тибқи фармони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии вилояти Кӯлоб ба нафақа баромадааст. Ҳангоми фаъолияти хизматӣ бо як қатор ордену медалҳои ҷангу меҳнат мукофотонида шудааст.
Ин марди диловар бошарафона ва сазовор зиста, барои ояндагон аз худ номи неку аъмоли нек ба ёдгор гузоштааст.
Чӣ тавре бузургон мефармоянд:
Мард намирад ба марг,
Марг аз ӯ ном ҷуст,
Ном чу ҷовид шуд,
Мурданаш осон куҷост!
Маҳбуба Гулова, майори милитсия.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>