Назаров Акрам 9-уми сентябри соли 1925 дар ноҳияи Тавилдара таваллуд шуда, маълумоти миёнаро дар ҳамин ноҳия гирифтааст. Моҳи июни соли 1943 аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Тавилдара ба хизмат даъват шуда, дар полки тирандозии 132-юми Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Дар полки мазкур, ки таҳти роҳбарии Жуков Георгий Константинович қарор дошт ба ҳайси командири шӯъбача фаъолият карда, дар муҳорибаҳои Полша барои ғолиб омадан аз болои душтани ғаддор ва бераҳму бетараҳҳум – фашизми гитлерӣ ҷонбозиҳо кардааст.
Ин ҷавонмарди диловар ҳамаи лаҳзаҳои ҷангӣ ва муҳорибаҳоро равшан дар хотир дошта, изҳор менамояд, ки дар муҳорибаҳои Полша ду маротиба маҷрӯҳ шудааст. Маротибаи якум 15-уми январи соли 1944 дар қисми рӯяш ва маротибаи дуюм 22-юми феврали соли 1945 аз дасти чапаш.
Оре, чӣ гуна метавон он лаҳзаҳои мудҳишро аз ёд баровард? Ӯ ҳамагӣ ҷавони 18-19-сола буд ва аз як деҳаи кӯҳистони дурдаст ба ҷанг рафта, бо ғаюрию далерӣ ба мисли ҳазорон нафар фарзандони миллати тоҷик бебокона бар зидди аду ҷангида, ба насли оянда тинҷию амонӣ ва ободию осоиштагӣ муҳаё намудааст.
Баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ моҳи июли соли 1945 ба зодгоҳаш ноҳияи Тавилдара баргашта, дар ободонии баъдиҷангӣ саҳм гузоштааст. Соли 1954 бо шаҳрванд Соҳибшарипова Авзора хонадор шуда, соҳиби нӯҳ фарзанд мешавад. Ӯ соли 1955 аз ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Панҷ муҳоҷир шуда, фаъолияти худро дар мақомоти корҳои дохилӣ оғоз менамояд.
Ҳамин тариқ старшинаи милитсия Назаров Акрам аз соли 1963 то соли 1991 дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ дар вазифаҳои ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда фаъолият намуда, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми назаррас гузоштааст.
Мавсуф аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо медали «Хизмати Шоён» қадрдонӣ гардидааст.
Барои корнамоиҳояш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба медали «Барои Шуҷоат», «Барои ғалаба бар Германия», «Барои Хизмати Шоён» ва медали «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» сарфароз гардидааст.
Раҳмонов Ғолибҷон, Юсупов Саидмавлон, донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>