Артиши Шӯравӣ мекӯшид, ки ҳар чи зудтар Латвияро аз фашистон озод намояд. Чутак Уразов низ дар қатори дигар ҳамяроқонаш қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, бар зидди душман далерона меҷангид.
19 июли соли 1944 баталёни фронти 2-юми Прибалтика, ки ба он взводи Х.Ахмедгалин ҳам дохил буду Чутак Уразов дар взвод пулмётчӣ буд, супориш гирифт, ки баландии 144-уми Сунуплявиро ишғол намояд. Баландӣ аҳмияти стратегӣ дошта, аз он тамоми роҳҳои мошингарду пиёдагард ва мавқеъи ҷойгиршави фашистоне, ки ақибнишинӣ мекарданд, хуб намоён буд. Взводи Х.Ахмедгалин бояд ба бехато нишонгирии артелерия ва бомбапартоии авиатсия ба мавқеъҳои душман мусоидат менамуд. Ниҳоят взвод баландии 144-умро ишғол намуда, дар он мавқеъ гирифт. Чутак Уразов ба болохонаи сарой баромада, бо пулемёт ба тарафи фашистон оташ мекушояд. Ҳар тири вай бе хато ба нишон мерасад. Тирпаронии пуршиддати взводи Х.Ахмедгалин душманонро ба воҳима андохт. Фашистон сабаби дар ақибгоҳи онҳо аз куҷо пайдо шудани аскарони сурхро фаҳмида натавониста, ба воҳима афтода буданд.
Вақте, ки онҳо ба худ омаданд, ба он баландие, ки як гурӯҳи хурди диловарон ҷойгирифта буданд, ҳуҷум оварданд.
Захираи норинҷакҳо ва тирҳои 11 ҷанговари далери Артиши сурх торафт кам мешуд. Чутак Уразов, ки аз ҳарду пояш тир хурда маҷруҳ шуда буд, пулемёташро ба боми ҳезумхонаи дар назди майдони ҷанг воқеъ буда кашола карда баровард. Дараҷаи бом ба амбразура табдил ёфт. Дар ин муҳорибаи қувваҳои нобаробар зиёда аз 200 нафар афсарону аскарони фашистон қир карда шуданд. Фашистон аз ин ба хашм омада, аз ноилоҷи сарайро оташ заданд. Илоҷи аз болохона фаромада, аз марг халосӣ ёфтан буд. Вале ватандӯстписари бошарафи тоҷикон марги пуразобро аз асорати нанговар, асирӣ афзалтар донист ва қаҳрамонона ҳалок гардид. Ба Чутак Уразов пас аз марг барои қаҳрамониҳояш унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.
Уразов Тухтамурод Болтаевич 10-уми июли соли 1961 дар деҳаи Қизил-Октябри ноҳияи Ҳисор дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Бо амри тақдир ӯ дар синни 2-солагӣ аз падар ятим монда, бо хоҳарчааш Тоҷинисои 40-руза ба тарбияи модар мемонанд.
Хуморой-хола дар колхози ба номи В.И.Ленини ноҳияи Ҳисор колхозчӣ шуда, бо умеду орзу ва заҳматҳои зиёд фарзандони хешро ба воя мерасонад. Тухтамурод пас аз хатми мактаби миёна, соли 1979 ихтиёран ба хизмати аскарӣ меравад. Хизмати Ватан-Модарро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Москва мегузаронад. Пас аз анҷоми хизмати аскарӣ соли 1981 ба деҳаи худ бармегардад ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор мекунад. Соли 1983 ба Донишгоҳи техникии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1987 бо ихтисоси устои калони техникӣ хатм намуда, ба соҳаи хоҷагии халқи ноҳияи Ҳисор ба кор меояд.
Тухтамурод аз дил мегузаронид, ки агар дар ҳамон давр аскарони Шӯравӣ саривақт ба ёрии взводи Х.Ахмедгалин мерасиданд, шояд чун айни ҳол, аз ҳалқаи оташ наҷот додани амакаш Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Чутак Уразов низ имконият дошт. Аз ҳамин рӯзи ҳодисаи сӯхторро ба чашми хеш дидани Тухтамурод, дар дили ӯ ба касби сухторнишонӣ меҳр пайдо гардид. Зеро ин касб, касби мардони асил аст. Касбест, ки аз сухторнишон ҳолати омодабошии доимӣ, савияи баланди дониш, чолокӣ, шуҷоат ва меҳру муҳаббати бепоён ба халқу Ватани худро талаб менамояд.
Аз соли 1994 Тухтамурод ҳаёти ояндаи худро ба касби оташнишонӣ бахшидааст. Ӯ корро аз вазифаи нозири гурӯҳи назорати зидди сухтории қисми 27-уми оташнишонии ВКД-и ноҳияи Шаҳринав сар карда, то вазифаи нозири калони ҳамин қисм расидааст. Майори хизмати дохилӣ Уразов Тухтамурод Болтаевич хатмкардаи факултаи 3-юми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, оиладор соҳиби 6-фарзанд мебошад.
Тухтамурод худро пайрави родмардони диловар ва шуҷои Ватан, ки барои сулҳу субот ва хушбахтии башарият ҷони худро фидо намудаанд, меҳисобад ва аз касби худ ифтихор менамояд.
Кароматулло Абдуллоев, подполковники хизмати дохилӣ, корманди Маркази матбуоти СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>