Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корнамоии родмардони Ватан

Олимов Бурӣ 13-уми октябри соли 1933 дар деҳаи Оби-Гарми ноҳияи Файзобод, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1940 ба синфи якуми мактаби миёнаи деҳаи Майдони ноҳияи номбурда дохил шуда, онро соли 1950 хатм намудааст. 15-уми  августи соли 1950 ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳраки Навободи вилояти ҳамонвақтаи Ғарм (ноҳияи Рашт) супорида, соли 1953 Омӯзишгоҳи номбурдаро хатм намудааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳ ба ноҳияи Файзобод баргашта, дар деҳаи Ҷонварсӯз ба ҳайси муаллим як сол фаъолият намудааст.

Олимов Буриро соли 1954 барои хизмат ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват намуданд. Хизматро аз шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина шурӯъ намуда, соли 1956 баъди сар задани ҳодисаҳо дар давлати Маҷористон (Венгрия) бо фармони Вазири мудофиаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Сотсиалистӣ (СССР) полки онҳоро ба онҷо сафарбар намудаанд.

Дар давлати Маҷористон бар зидди мухолифони сохти сотсиалистӣ фаъолона мубориза бурда, барои таҳким бахшидани давлати конститутсионӣ, баробарию бародарӣ  ва ҳокимияти коргару деҳқон саҳми арзандаи худро гузоштааст.   

Дар натиҷаи задухӯрд дар Маҷористон 20-уми майи соли 1957 Олимов Бурӣ захм бардошта, дар беморхонаи ҳарбии он ҷо табобат гирифтааст. 24-уми декабри соли 1958 ҷанг дар Маҷористон ба охир расида, полки онҳоро ба ҷои муқимии худ ба Украина бармегардонанд.

Ӯ баъди панҷ соли хизмат ва иҷро намудани қарзи инсондӯстӣ бо фармони Вазири мудофиаи ИҶШС ба Ватан бармегардад.    

Баъди ба Ватан баргаштан аз 20-уми майи соли 1959 то моҳи декабри соли 1990 дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар вазифаҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурд адои вазифа намуда, бо рутбаи махсуси «старшинаи милитсия» сазовор гаштааст.

Ҳангоми фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, риояи қонуният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми назаррас гузошта, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст.

Барои хизматҳояш дар ҳодисаҳои Маҷористон бо фармони  Вазири мудофиаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ Сотсиалистӣ бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Зимни адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ бо ордену медалҳо ва мукофотҳои молию пулӣ қадрдонӣ гардидааст.

Олимов Бурӣ яке аз родмардони шуҷои Ватан мебошад, ки барои адолат, бародарию баробарӣ ва пос доштани сулҳу субот дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонфидоӣ намудааст.

Раҳмонов Ғолибҷон, Юсупов Саидмавлон, донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика