Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба 70-солагии Ғалаба бар фашизм

ТошевМухтор соли 1925 дар деҳаи Карушубеки ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар ноҳияи номбурда хатм кардааст. Соли 1943 барои хизмат ба Артиши Шӯравӣ даъват шуда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар озод намудани шаҳрҳои Смоленск ва Брянск иштирок намудааст. Ин ҷавонмарди мубориз дар қатори дигар далерони Ватан дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус дар муҳорибаҳо бар зидди фашизм корнамоиҳо нишон дода захмдор мегардад.  Ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, ӯ баъд аз табобат хизмати худро дар Гвардияи танкҳои вазнин дар дивизияи таҳти роҳбарии Рокоссовский давом додааст. Дар озод намудани Ҷумҳуриҳои Беларусия ва Полша иштирок намуда, соли 1946 ба шаҳри Брест баргашта, хизмати худро идома медиҳад.

ТошевМухтор 5-уми майи соли 1950 ба Ватан баргашта, фаъолияти хизматии худро дар мақомоти корҳои дохилӣ идома медиҳад. Ин аст, ки ӯ соли 1952 дар вазифаи муҳофизатчии давлатӣ кору фаъолият намуда, соҳиби рутбаи сержанти калони милитсия мегардад.

Ҳамчунин номбурда баъди як сол ба ҳайси инструктори калони шуъбаи сиёсии ноҳияи Ғарм кор карда, соли 1954 дар шаҳри Ленинград дар мактаби олии сиёсии собиқ Шӯравӣ таҳсил намудааст. Соли 1955 дар шаҳри Регар  дар вазифаи муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ оид ба ҳайати шахсӣ фаъолият карда, аз соли 1957 дар вазифаи ваколатдори оперативии шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ (ОБХС) кор кардааст.

Тошев Мухтор ҳангоми фаъолияти хизматӣ дар мақомоти милитсия аз худ малакаи баланди касбӣ нишон дода, соли 1968 ӯ ба вазифаи муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритус оид ба корҳои оперативӣ таъин карда мешавад.

Фаъолияти хуби хизматии ӯро роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба инобат гирифта, соли 1977 ӯ ба вазифаи сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритус таъин мегардад. Мавсуф дар ин вазифаи пурмасъулият то соли 1982 ифои вазифа намудааст.

Тошев Мухтор дар давоми фаъолияти хизматиаш бо медалу нишонҳои «Барои Ҷасорат», «Ордени дараҷаи 2-юми Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Барои ғалаба бар Германия», «30-солагии РККД», «50-солагии ИҶШС», «50-солагии милитсия», «Барои хизмати шоён дараҷаҳои 1, 2, 3», «Аълочии милитсия», «Барои хизматҳои шоён дар сарҳад», медали «Жуков», медали «65-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва Грамотаи фахрии Вазорати корҳои дохилии  ИҶШС мукофотонида шудааст.

Юсупов Саидмавлон, Раҳмонов Ғолибҷон, донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика