Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Усмонов Ҷумъа – муборизи ҳаёти осоишта

Усмонов Ҷумъа 15-уми июни соли 1925 дар деҳаи Шипоёни ноҳияи Айнӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1928 оилаи онҳо ба шаҳри Самарқанд кӯч мебандад ва ӯ аз соли 1936 то соли 1941 дар мактаби миёнаи шаҳри Самарқанд таҳсил менамояд.

Фаъолияти кории худро соли 1941 оғоз намуда, то соли 1944 ба ҳайси коргар дар заводи машруботии шаҳри Самарқанд кор кардааст. Моҳи августи соли 1944 аз ҷониби Комиссариати ҳарбии шаҳри Самарқанд барои хизмати ҳарбӣ ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват гардида, то соли 1949 адои хизмат менамояд.

Аз соли 1944 то  соли 1946 дар полки тирандозии рақами 133-юм ба ҳайси тирандоз хизмат намудааст. Дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ғалаба ва ба даст овардани музаффарият бар фашизм ҳамчун фарзанди фарзонаи халқи тоҷик дар баробари дигар миллату халқиятҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ корнамоиҳо нишон дода, саҳми бозасои худро гузоштааст.

Баъд аз адои хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ моҳи марти соли 1949 ба  шаҳри Самарқанд баргаштааст. Азбаски шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) он солҳо маркази илму тамаддун ва хонаи умеди тоҷикон гардида буд, Усмонов Ҷумъа низ моҳи сентябри соли 1949 ба шаҳри Сталинобод меояд.

Ӯро ҳамчун фарди ташкилотчӣ ва фаъол ба ноҳияи Тавилдара ба ҳайси нозири ҷангал ба кор мефиристанд, ки аз моҳи октябри соли 1949 то моҳи феврали соли 1950 дар он ҷо фаъолият менамояд.

Усмонов Ҷумъа, ки дар набардҳои зидди фашизм дар байни обу оташ ҷангида таҷрибаи бойи хизматӣ пайдо намуда буд, мехоҳад фаъолияти худро дар мақомоти корҳои дохилӣ идома дода, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Орзуву омоли ин марди наҷиб амалӣ гардида, 6-уми марти соли 1950 фаъолияти хизматии худро дар Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳайси оташнишони дастаи оташхомӯшкунии шаҳри Сталинобод  оғоз менамояд.

Барои сайқал додани малакаву маҳорати касбӣ 13-уми апрели соли 1950 то 26-уми марти соли 1951 дар мактаби дастаи командирони ҳайати хурд ҳамчун курсант таҳсил намуда, 26-уми марти соли 1951 ӯро ба вазифаи командири шӯъбачаи дастаи оташхомӯшкунӣ таъин менамоянд.

Соли 1955 Усмонов Ҷумъа ба сафи Партияи Коммунистии  Иттифоқи Советӣ қабул гардида, ҳамчун коммунисти асил барои таҳкими қонуният дар солҳои баъди ҷангӣ хизмати арзанда менамояд.

Мавсуф дар вазифаҳои гуногуни хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ  хизмат намуда, то ба вазифаи сардори шӯъбачаи қисми ҳарбикунонидашудаи Раёсати муҳофизат аз сӯхтори ВКД ҶШС Тоҷикистон фаъолият намуда, соли 1989 сержанти калони хизмати дохилӣ Усмонов Ҷумъа ба нафақа баромадааст.

Ҳангоми хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ ва фаъолияти хизматӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумату давлат хизматҳои ин ҷавонмарди асилро бо мукофотҳои давлатӣ ва медалу нишонҳои сарисинагӣ қадрдонӣ намудааст.

Мавсуф дорандаи ду медали «Барои шуҷоат дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»,  медалҳои «Барои Ғалаба бар Германияи фашистӣ», «20-солагии Армияи Советӣ ва Флоти баҳрӣ», «30-солагии Армияи Советӣ ва Флоти баҳрӣ», «50-солагии Армияи Советӣ ва Флоти баҳрӣ», медалҳои дараҷаи 1, 2, 3 «Барои хизматҳои шоён», Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон,  нишони сарисинагии «Аълочии ХДО» ва Грамотаи фахрии «40-солагии ҶШС Тоҷикистон» мебошад.

Ҳаёт ва фаъолияти ин абармард ибратомӯзи насли ҷавони милитсия буда, корнамоӣ ва ҷонфидоии ӯ ҳеҷ гоҳ аз ёди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, наздикону пайвандон ва ояндагони миллат зудуда нахоҳад шуд.

Юсупов Саидмавлон, Раҳмонов Ғолибҷон, донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ. 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика