Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафаров Маҳмадулло – ҷанговари шуҷоъ

Сафаров Маҳмадулло 15-уми майи соли 1926 дар деҳаи Хонабегии ноҳияи  Муминобод, дар вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Соли 1932 ба мактаби миёнаи ҳамин деҳа рафта, таҳсили ибтидоиро дар ҳамон ҷо гирифтааст. Дар замони таҳсил дар мактаб бо хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ аз ҳамсинфон фарқ мекард. Баъд аз хатми мактаби миёна, лаёқати донишомӯзӣ ва саъю кӯшиши ӯро дида, омӯзгорон ӯро ба Коллеҷи омӯзгории Вилояти Кӯлоб фиристоданд.

Баъди анҷоми соли аввали хониш Раёсати Комиссариати ҳарбии вилояти Кӯлоб, Маҳмадуллоро ба ноҳияи Муминобод равон кард, то тӯли 6 моҳ ӯро барои ворид шудан ба Қувваҳои Мусаллаҳ омода намоянд.

Соли 1944 ӯро ба сафи Қувваҳои Муссалаҳ даъват карда, ба воситаи роҳи оҳан ба шаҳри Самарқанд бурданд. Баъд аз 3-рӯз бо тайёрии пурра ба шаҳри Чехословакия расиданд. Дар ҳудуди Чехословакия шабро шаб ва рӯзро рӯз нагуфта бар зидди душмани башаррият, фашизми хунхор мардонавор ҷангидааст.

Дар набардҳои хунин дар наздикиҳои дарёи Элба иштирок намуда, то ба шаҳри Прага расидааст.

Дар шаҳри Москва дар майдони Сурх Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Итифоқи Советӣ (Иттиҳоди Шӯравӣ) Иосиф Виссарионович Сталин дар ҳузури ҳамаи аскарбачаҳои сурх баромад намуда, барои далериву шуҷоатмандӣ ба онҳо «Ифтихорнома» тақдим намуд.

Сипас, аз шаҳри Москва ӯро ба шаҳри Уланбатори Ҷумҳурии Сотсиалистии Муғулистон бурданд.  Муддати 3-рӯз тамоми шаҳрҳои Муғулистонро тамошо кардааст.

Ҳамин тариқ дар давоми ҷанг то ба баҳри Зард расидааст. Моҳи марти соли 1950 хизматро адо карда, ба Ватан баргашт ва то моҳи октябри соли 1977 дар мақомоти корҳои дохилӣ адои вазифа намудааст.

Зимни фаъолият аз ҷониби Вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон бо «Ифтихорнома» сарфароз гардидааст.

Юсупов Саидмавлон, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика